Аз тадқиқотҳои олимон:
Дар шӯъбаи табиати Осорхонаи миллии Тоҷикистон хӯсаи “гурбаи бузургҷусса”-и пӯсташ рах-рах, ки ҷангалҳои нимбиёбонии Осиёи Марказиро макони зист ихтиёр карда буд, ба чашм мерасад.
Ин хӯсаи паланги тӯронӣ аст, ки бо таъсири антропогении инсон, мисли шикор ва буриши ҷангалҳо аз байн рафт. Мутаассифона аз байн равии ин ҳайвони зебо пурра ба виҷдони инсоният вобаста аст.
Баъди ба ҳадди нестӣ расидани паланги тӯронӣ, олимон аз кишварҳои гуногуни Шуравӣ аввалан ба омӯзишу пажуҳиши ареали зисти он пардохтанд. Дар натиҷаи пажуҳишҳо, эҳтимолияти барқарор кардани популятсияи паланги тӯронӣ дар се макон муайян карда шуд. Якум, ҷои нисбатан мувофиқ барои барқарор кардани популятсияи ин ҳайвони зебо дар Тоҷикистон – мамнуъгоҳи Бешаи палангон мебошад. Ҳамон мамнуъгоҳе, ки тибқи баъзе ақидаҳо охирин паланг дар солҳои 70-уми асри гузашта нобуд шудааст. Аммо олимон ба чунин хулоса расиданд, ки бо далели маҳдуд будани масоҳати мамнуъгоҳ(қариб 60 ҳазор гектар) ва аз ҳама тарафи он воқеъ гаштани майдонҳои кишт ва мавзеҳои аҳолинишин зиёд кардани популятсияи паланги тӯронӣ имкон надорад.
Дуюм макони муайяншуда минтақаи навоҳии Аралро дарбар мегирад. Дар он ҷо майдони тугайзорҳои зебо домани васеъ паҳн кардааст, вале ин дарахтон ҳоло ҷавонанд ва тақрибан 15 сол лозим аст, ки шумораи паланги тӯронӣ ба қадри зарурӣ зиёд карда шавад. Сеюм, ҷои нисбатан мувофиқро коршиносон барои зиёд намудани популятсияи паланги тӯронӣ наздикии дарё ё ҷануби Балхаш меҳисобанд.
Ҳамин тариқ, соли 1970 бо дахолати инсон паланги тӯронӣ аз рӯи Замин ба пуррагӣ ба нестӣ расид. Танҳо баъди азбайнравии ин ҳайвони нодир, инсоният дарк намуд, ки маҳз фаъолияти нодурусти ӯ чунин оқибатро ба бор овардааст. Ба ин бовар кардан душвор аст. То ин замон муҳаққиқон нисбати оқибатҳои ногувори аз байнравии ин ҳайвон корҳои зиёди илмӣ ба анҷом расониданд.
Табиист, ки дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ баъзан хабарҳо дар бораи гӯё дучор омадан бо паланги туронӣ ё изи он паҳн мегардид, ки ба ин бовар кардан душвор аст, вале баъзе қиссаҳо ҷолиби таваҷҷуҳанд.
Ба гуфтаи олими тоҷик Рустам Муратов дар солҳои 70-ум, ки ӯ аъзои маҳфили кишваршиносӣ будааст, моҳи августи соли 1970 ҳангоми дар мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” қарор доштанашон ҷангалбон омада дар бораи пайдо кардани изи ҳайвони бузургҷусса хабар медиҳад. – Роҳбари мо ба мутахассисони Москав муроҷиат намуд. Аз Москав мутахассисон омада тасдиқ намуданд, ки ин изи паланги туронӣ аст. Баъди гузаронидани тадқиқот онҳо ба хулосае омаданд, ки паланг ба ин ҷо аз ҷониби Афғонистон, аниқтараш аз ҷазирачаҳои миёни дарёи Панҷ, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз ҳастанд, ворид гаштааст.
Зоологҳо ба он умед баста буданд, ки паланги туронӣ дар ҷазирачаҳои ҳаммарз боқӣ мондааст, аммо ин умед баъди ворид шудани артиши Шуравӣ ба хоки Афғонистон барбод рафт.
Соли 2006 дар матбуоти Қазоқистон матлабе дарҷ гардид, ки дар он нақли як сокини ш. Алмаато, ки дар кӯли Балхаш бо моҳидорӣ машғул будааст ва гӯё сояи палангбачаҳоро дида бошад, оварда шудааст, аммо баъдан маълум мешавад, ки ин матлаб бинобар надоштани далели аниқ сенсатсияе беш нест.
Директори Муассисаи давлатии Маркази гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ, номзади илмҳои биологӣ Убайдулло Акрамов зимни суҳбат иброз дошт, ки дар Тоҷикистон шикори оммавии паланг умуман вуҷуд надошт. Ва тавре дар сарчашмаҳои гуногун менависанд, ҳатто охирин паланге, ки дар ҷумҳурии мо соли 1954 дидаанд, кушта нашудааст, баъди он боре ҳам дучор нашудааст. Дар ҳудуди зисти паланги туронӣ шумораи зиёди хукҳои ёбоӣ, гавазни бухороӣ, ғизолҳо ва харгӯшҳои зиёд, ки хӯроки асосии ин ҳайвон маҳсуб меёбанд, мавҷуд буданд. Паланги тӯронӣ қобилияти тай кардани садҳо ва ҳатто ҳазор километрро дорад ва ҳангоми шикор бештар ба ҳайвоноти пир, носолим, аз наслдиҳӣ боз монда, маҷрӯҳ буда ва дар муҳити атроф дар ҷангалзор ё найзор, руст монда дармеафтад.
Дар солҳои 30 -юми асри XX паланги тӯронӣ дар соҳилҳои Амударё ва мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» ва ҳудуди сарҳадоти Афғонистон ба мушоҳида мерасид. Мувофиқи ҳуҷҷати тасдиқкунанда паланги тӯронӣ дар охирҳои солҳои 40- ум ва аввалҳои солхои 50ум-и XX дар ҳудуди собиқ шӯравии Осиёи Миёна ба қайд гирифта шудааст. Бори охир паланги тӯрониро дар минтақаи Копетдаг (Туркменистон) наздики марзи Эрон 10 январи соли 1954 дидаанд.
Бояд гуфт, ки айни замон дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ҳамшабеҳи паланги тӯронӣ дигар зернамудҳо, аз қабили паланги каспий ва паланги амурӣ мавҷуданд.
Макони зисти паланг дар минтақаҳои касногузар ва дар минтақаҳои сангзор, қамишзор, дарахтзор, бешазор, ғор, зери дарахтони бодшикаста ҷойгир шуда буд. Бачаҳои паланг ҳангоми тавалуд чашмашон пӯшида аст ва баъди 6-8 рӯз чашмонашон боз мекунанд. То 6 моҳагӣ аз модарашон шир мехӯранд.
Паланг барои бехатарии бачаҳояш ва ҷалб нашудани ҳашароту магасҳо, дигар ҳайвонҳои ваҳшӣ таҳдидкунанда, онҳоро ба дигар лонаи нав мекӯчонад.
Палангбачаҳо зери назорати модарашон ба воя мерасанд. Палангҳои ҷавон дар 8 ҳафтагӣ қобилияти назорат карданро аз рафторҳои модарашон меомӯзанд. Палангҳои ҷавон баъди 18 моҳагӣ мустақил мегарданд, аммо бо ҳамроҳии модарашон то 2-3 солагӣ, баъзе ҳолатхо то 5 солагӣ модарашонро тарк намекунанд.
Баъди мустақил шудан палангбачаҳо дар мавзеи на он қадар дур аз ҳудуди модарашон сукунат мекунанд. Аммо палангҳои нарина барои дарёфти хӯрока ба масофаҳои нисбатан дур мераванд.
Паланги модина дар 3-4 солагӣ болиғ мегардад, паланги нарина бошад дар 4-5 солагӣ. Дар давраи ҳаёташ паланги модина аз 10 то 20 сар бачаи паланг ба дунё меорад. Мувофиқи мушоҳидаҳо қисми зиёди палангҳо дар ҷавониашон мефавтанд. Давомнокии ҳаётгузаронии паланг то 26 сол аст.
Бо таъсири доимии фаъолияти инсон ва табиатистифодабарандагон, тағйир ёфтан ва маҳдуд гаштани муҳити ғизогирии паланг, 95% — и популясияи паланг аз байн рафтааст. Дар аввали асри XX саршумори паланг зиёда аз 100 000 дар табиати ёбоӣ буд. Дар сад соли охир саршумори он ба 3500-4000 сар омада расидааст, ки ин хатари аз байнравии намудро пурра ба миён овардааст.
Паланг пеш аз ба даст овардани сайди худ, аввал об нӯшида, баъдан як-ду соат муҳити атрофи объекти сайдро аз назар мегузаронад, сипас усули шикори сайдро интихоб карда аз қафои он лаҳзаи муайян мушоҳида ва баъдан ба сайд дармеафтад.
Дар палангон, қобилияти зуд инкишоф ёфтани дандонҳои ашк дар ҷараёни эволюсия ташакул ёфтааст, ки он дандонҳо ҳамчун яроқи асосии шикор ва беҳаракат кардани сайд, инчунин муҳофизат аз душманҳои табиӣ мањсуб меёбанд.
Мувофиқи маълумотҳо аз давраи пайдоиши популятсияи паланг то имрӯз шумораи он вобаста аз кам шудани ғизо ва маҳдуд гардидани сукунати палангон ва муҳити ғизогириашон коҳиш ёфтааст.
Дар асоси маълумотҳои палеонтологӣ байни намудҳо палангҳои Осиёи Ҷанубию Ғарбӣ ва Осиёи Марказӣ монандии андозаи бадани паланг, вазни онҳо ба назар мерасад ва паланг ба ин минтақаҳо аз Шимолу Шарқии Ҳиндустон ва ба минтақаи Сибир аз Шарқии Қазоқистон ворид гардидааст.
Бино ба қавли коршиносон паланг дар як сол наздики 60 адад ҳайвон мехӯрад. Мувофиқи маълумотҳои таърихӣ дар ин мавзеъ 65%-и ратсиони ғизои палангро хуки ваҳшӣ ва 25%-и ғизои онро оҳу ташкил медиҳад. 10% -и боқимондаи хӯроки он — ғизол, гавазн, гусфанди куҳӣ мувофиқ меояд. Ин се намуд аз рӯи шумора зиёдтар буданд, вале на дар ин ҳудуд, ки паланг зиндагӣ карданро ихтиёр мекунад, балки наздик ба биёбон ҳастанд.Қисме аз он ба ареали паланг мувофиқ меояд, масалан, ҷейранҳоро имрӯз дар ареали растаниҳои буттагӣ дучор омадан мумкин аст.
– Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки экосистемае, ки дар он паланг макони зист ихтиёр намуда буд, ҳамеша дар ҳолати идеалӣ қарор дошт. Ба ҷуз ин, паланги тӯронӣ ареали зисти худро дар аввалҳои асри 20 аз инсон муҳофизат мекард.
Оё популятсияи паланги тўрониро метавон барқарор намуд?
Албатта популятсияи он намуди паланги тўрониро, ки дар Осиёи Марказӣ қаблан сукунат дошт, барқарор кардан аз имкон берун аст. Вале олимон собит намуданд, ки аз нигоҳи генетикӣ наздик- паланги амурӣ, ки айни замон дар ҳолати азбайнравӣ асту дар Шарқи Дур сукунат дорад, онро ба Қазоқистон оварда, барои барқарор намудани популятсияи нестшуда кӯшиш кардан мумкин аст.
Овардани паланг аз Шарқи Дур кори нисбатан осон аст, аммо барқарор кардани экосистемаҳо кори хеле душвор мебошад. Барои барқарор кардани ҷангалҳои туғайзор, ки дар ҳоли харобшавӣ қарор доранд, аввалан таъмини муътадили ҷоришавии об, коҳиш додани истифодаи онро барои хоҷагидорӣ, ки 50%-и об беҳуда сарф шуда истодааст, ба роҳ мондан лозим меояд. Бояд сӯхторҳои ҷангалро пешгирӣ намуд, бо буриши ғайриқонунии ҷангал мубориза бурд, нагузошт, ки чорвои аҳолӣ дар мамнуъгоҳ чарад.
Дуюм омили асосӣ – базаи хӯрока мебошад. Барои мавҷудияти як паланг дар як сол аз 50 то 60 адад ҳайвоноти ширхўр — хукҳои ваҳшӣ, ғизол, харгӯшҳо лозим аст. Айни замон шумораи ҳайвоноти ҷуфтсум тақрибан 10 маротиба кам шудааст. Бояд шумораи ғизол, харгӯшҳо ва дигар ҳайвонот зиёд карда шавад. Ҳамзамон ба ин ҷо якчанд адад гавазнҳои бухороӣ овардан зарур аст. Барои овардани гавазн ба ҷойҳои идеалӣ бояд муҳофизати онро ба роҳ гузошт. Ва ҳамин тавр, занҷираро, ки яке бе дигаре наметавонад вуҷуд дошта бошад, барқарор кардан лозим аст.
Тадқиқотчиён аз шуъбаи москвагии WWF-и Университети ш. Ню-Йорк таърихи намуди палангро омӯхтанд, ки барои бунёди модели реинтродуксияи он кӯмак расонид. Бино ба навиштаи тадқиқотчиён популятсияи палангҳои туронӣ дар гузашта майдонҳои васеъро дарбар мегирифт, яъне дар ҳар 100 километри квадратӣ ду се адад паланг рост меомад.
Ҷои дӯстдошта барои зисти ин ҳайвонот – мавзеъҳои растаниҳои буттагӣ и қамишзорҳо, ки дар наздикии обанборҳои табиӣ (дарёҳо ё дарёчаҳо) ҷойгиранд, маҳсуб меёбад. Дар робита ба ин муаллифони тадқиқот бо назардошти макони мувофиқ будани навоҳии атрофи кӯли Балхаш (ҷанубу шарқи Қазқистон) пешниҳод намуданд, ки барои барқарор намудани популятсияи ин ҳайвон боғи миллӣ бунёд карда шавад. Ҳамзамон макони мувофиқ барои паланг соҳилҳои дарёи Или, ки аз ҷониби ғарб ба Балхаш мерезад, ба ҳисоб меравад.
Майдони умумии ҳудуди ишорагашта ҳафт ҳазор километри квадаратиро ташкил мекунад. Ба андешаи олимон ин масоҳат барои ҳаёт ба сар бурдани 70-100 адад палангҳои тӯронӣ дар давоми 50 сол басанда аст.
Вале ин кор саҳлу осон нест, дар сурати тасдиқ гаштани ин мавзеъ ба экологҳо зарурат пеш меояд, ки барои пешгирии таназзулёбии минтақаи наздисоҳилӣ, ки сӯхторҳои бисёркарата рух дода меистанд, саъю талош намоянд. Ба ҷуз ин барои палангҳо базаи хӯрока – он ҳайвоноте, ки манбаи шикори палангҳо буданд ва ин ҷойҳоро тарк намудаанд, барқарор кардан лозим меояд. Барои барқарор кардани популятсияи онҳо ками дар кам панҷ сол вақт лозим аст, қайд мекунанд мутахассисон.
Боз як вазифаи экологҳо ин аст, ки ба таъмини реҷаи муътадили ҷоришавии оби кӯли Балхаш ва дарёи Или мусоидат намоянд. Дарёи Или аз ҳудуди Чин ҷорӣ мешавад. Ҳукуматдорони Қазоқистонро зарур мешавад, ки бо мақсади ба вуҷуд овардани шароити имконпазир барои популятсияи паланг атрофи таҳияи барномаи ҳамкории байналмилалӣ андеша намоянд.
Бори дигар ёдовар мешавем, ки бино ба пажуҳишҳои анҷомшуда, популятсияи паланги тӯронӣ тайи солҳои 30-юми асри XX дар соҳилҳои Амударё (мамнуъгоҳи Бешаи палангон” дар мавзеъҳои ҳаммарз бо Афғонистон) сукунат доштанд.
Ҷамолиддин Яқубов, «Инсон ва табиат»