МУСОБИҚАИ ШОҲМОТБОЗӢ дар КУМИТА

0
606
боздид

Аз 1 июни соли 2019 дар кишвар мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмот-«Ҷоми Пешвои миллат» оғоз гардида, он дар 4 марҳила баргузор хоҳад гашт. Даври ҷумҳуриявии мусобиқаи мазкур дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплом, ҷом ва тӯҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд.

Тибқи  марҳилаи интихобии якум, ки аз санаи 10 июн то 8 июли соли 2019 ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ дар сатҳи маҳал, деҳа, шаҳрак, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи умумӣ ва махсус мусобиқаҳо доир мегарданд.

Рафти мусобиқаи шоҳмот дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист

Бар асоси Нақшаи чорабиниҳои мусобиқаи мазкур сабқати интихобии марҳилаи якум санаи 18 июн байни кормандони Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тибқи тартиби муқарраргардида идома дорад.

Бо ин мақсад, санаи 18 июн дар маҷлисгоҳи  Кумита чорабинии тантанавӣ баргузор гашт, ки дар он муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Маҳмадализода иштирок ва суханронӣ намуд. Мавсуф иброз дошт, ки бар асоси ғамхориҳои варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми мазкур  амалӣ гашта истодааст. Ин намуди варзиши миллӣ аз қадимулайём шарафи миллати тоҷикро баланд бардоштааст.

Аз суханронии А. Маҳмадализода чунин бармеояд, ки мусобиқа дар якчанд марҳила гузаронида мешавад. Марҳилаи интихобии дуюм, аз санаи 8 июл то 25 августи соли 2019 дар сатҳи ноҳия, шаҳр бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи интихобии якум (бо баргузории фестивали оммавӣ) доир карда мешавад.  Марҳилаи интихобии сеюм аз санаи 5 то 25 сентябри соли 2019-ро дарбар  гирифта ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи вилоятҳо, минтақа ва ш. Душанбе бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи интихобии дуюм (бо баргузории фестивали оммавӣ) гузаронида мешавад. Марҳилаи чорум, ки ниҳоӣ ё ҷамъбастӣ маҳсуб меёбад, аз 1 то 5 октябри соли 2019 дар ш. Душанбе дар асоси ҷадвали макони баргузории мусобиқаҳо ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо баргузории Фестивали ҷумҳуриявии шоҳмот ташкил ва гузаронида мешавад.

Маблағи умумии “Ҷоизаи Пешвои миллат оид ба шоҳмот” 100 (сад) ҳазор сомонӣ аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешбинӣ гардида,  барои ҷойи якуми даставӣ 30000 сомонӣ, ҷойи дуюми даставӣ 25000 сомонӣ, ҷойи сеюми даставӣ 20000 сомонӣ  ва барои намудҳои инфиродӣ аз рӯи 3 синну сол 25000 сомонӣ пешниҳод мегардад.

Сардори Раёсати корҳои Кумита Юсупов Ҷумахон зикр намуд, ки дастаҳои Кумита ва сохторҳои тобеи он  байни ҳам рақобат намуда, беҳтаринҳо аз рӯи синну сол тибқи Низомномаи мусобиқа барои идома додани бозиҳои марҳилавии минбаъда  ба мақомоти маҳаллии Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод карда мешаванд.

Маркази ахбори экологии Кумита

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед