НАҚШИ ҶОМЕА ДАР РУШДИ «ИҚТИСОДИЁТИ САБЗ»

0
1981
боздид
Имрӯзҳо дар ҷаҳон оид ба рушди иқтисодиёти сабз кӯшишхо ва амалҳо ба назар мерасанд.

НАҚШИ ҶОМЕА ДАР РУШДИ «ИҚТИСОДИЁТИ САБЗ»

Вақте ки мо «иқтисодиёти сабз» мегӯем ва ё мешунавем, дар пеши назар пеш аз ҳама олами набототи сабз, рустанихо, табиат ҷилвагар мешавад. Мафҳуми «иқтисодиёти сабз» (зелёная экономика), хеле васеъ аст ва фаъолиятҳои зиёдро дар бар мегирад. Имрӯзҳо дар ҷаҳон оид ба рушди иқтисодиёти сабз кӯшишхо ва амалҳо ба назар мерасанд. Аз он ҷумла яке аз ҳадафҳои сиёсати  давлати мо низ ба рушди иқтисодиёти сабз ва беҳтар кардани сатҳи некуаҳволии аҳолии ҷумҳурӣ равона шудааст.  Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ба рушди «иқтисодиёти сабз» диққати махсус зоҳир гардида, об ҳамчун як унсури асосӣ дониста шудааст. Хушбахтона мо дар сарзамине зиндагӣ ба сар мебарем, ки сарсабзу хуррам буда, дорои манбаъҳои зиёди табиӣ, ба мисли ҳавои тоза, куҳҳо ва дараҳои зебо, обҳои босафо, рустаниҳои гуногуни шифоӣ ва ғизоӣ, парандаҳои нодир, канданиҳои фоиданок ва ғайраҳо мебошад.

Агар мо ба таҷрибаи суннатии гузаштагонамон назар андозем, мебинем, ки ниёгони мо захираҳои табиӣ, ба мисли об, замин, ҳаво, куҳҳо, парандаҳо, рустаниҳоро муқаддас мепиндоштанд ва барои барқарорсозии онҳо кӯшиш ба харҷ медоданд. Ба воситаи панду насиҳат ҷавононро ба сарсабз гардондани табиат даъват менамуданд, ба воситаи ҳашарҳо дарахту буттаҳо мешинонданд, сарчашмаҳои об ва обҳои ҷориро тоза мекарданд, ҳайвонҳо ва парандаҳоро ҳифз менамуданд.

Мутаассифона, имрӯз гуфта метавонем, ки маърифати экологии аҳолӣ коҳиш ёфтааст ва таъсири манфии инсон ба табиат хеле зиёд чой доранд. Одамон дар рӯзҳои гарм аз сояи дарахтон истифода мебаранд, вале онҳоро об намедиҳанд, аз мева ва рустаниҳои табиат истифода мебаранд, вале барои барқароркунии онҳо андеша намекунанд, медонанд, ки об муъҷиза аст, вале онро олуда мекунанд, партовҳоро ба муҳит партофта, зебоии табиатро вайрон мекунанд ва ғайрахо. Ба ҳама маълум аст, ки Тоҷикистони мо камзамин буда, 93%-ро куҳҳо ва 7% — ро заминҳои ҳамвор ташкил медиҳад. Дар ноҳияи Рашт  97,6 % -ро куҳҳо ва фақат 2,6% — ро замини ҳамвор ташкил медиҳад. Сол ба сол вобаста ба афзоиши аҳолӣ, тараққиёти иншоотҳои сохтмонӣ, манзилҳои зист, зиёд шудани корхонаҳои саноатӣ, васеъшавии истеҳсолот ва зиёд шудани нақлиёт боиси мураккабшавии ҳолати экологӣ ва олудашавии муҳити зист мегардад. Коршиносон пешбинӣ мекунанд, ки то соли 2030 миқдори автомобил дар ҷаҳон боз 50 фоиз меафзояд. Ин боиси боз ҳам бештар истифода шудани нафту газ ва олуда шудани муҳит мешавад. Яке аз мушкилоти имрӯзаи муҳити атроф зиёд шудани партовҳои пластикии яккарата  ва сӯзондани онҳо мебошад, ки табиат ва ҳаворо олуда мегардонад. Аз сабаби паст будани маърифати экологӣ партовҳои пластикии яккарата пас аз истифодабарӣ дар муҳити атроф ва ҷойҳои ғайримуқаррарӣ партофта мешаванд.

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки солҳои охир дар натиҷаи тағйирёбии глобалии иқлим рух додани офатҳои табиӣ, ба мисли кӯчиши замин, обшавии пиряхҳо, обхезиҳо, омадани селу тарма, гармсел, кам шудани оби дарёҳо, нобудшавии ҷангалҳо, кам шудани парандаҳо ва баъзе ҳайвонҳои нодир ба назар мерасад.

Ин ҳодисаҳо моро водор месозад, ки инсон бояд рафтори худро нисбат ба табиат ва захираҳои он тағйир дода, ба табиат дилсӯзона муносибат намояд. Мақсад аз рӯ овардан ба «иқтисодиёти сабз» пеш аз ҳама истифодаи босамаронаи манбаъҳои табиӣ ва интихоби роҳи дурусти тараққиёти ба табиат безарар мебошад. Баъзе одамон чунин мепиндоранд, ки онҳо ҳеҷ муносибате ба тағйирёбии иқлим ва ё ҳолатҳои табиӣ надоранд. Аммо ин нодуруст аст. Ҳар як фард ба воситаи рафтор ва амали худ метавонад ба табиат таъсиргузор бошад. Хуб мешуд, ки агар ҳар як инсон ба табиат таъсири мусбат расонад на таъсири зараровар. Аз дигар тараф, ҳадафи «иқтисодиёти сабз» беҳтар кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ тавассути истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нави муосири безарар ба саломатии инсон ва табиат мебошад.

Умуман «иқтисодиёти сабз» аз се масъалаи ба ҳам пайванд  (компонент) — масъалахои иктисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ иборат аст. Имрӯзҳо аз тарафи коршиносон ва ташкилотҳои ваколатдор  масъалаҳои иктисодиёти сабз омӯхта мешавад ва барои гузариш ба иқтисодиети сабз ва рушди он якчанд восита пешниҳод шудааст, ба мисли:                                                                                                                                — ба роҳ мондани истеҳсолоти маҳсулоти аз чиҳати экологӣ тоза;

— ба роҳ мондани технологияи муосири безарар бо истифода аз манбаъҳои табиӣ;

— баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ бо роҳи васеъ намудани тарғиботу ташвиқоти экологӣ дар сатҳи ҳамаи табақаҳои аҳолӣ;

— назорат ва баҳодиҳии ҳолати муҳити зист ва рушди омори экологӣ;

— дастрасии фарогир ба хадамоти энергетикаи муосир ва  истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия;

— паст кардани таъсирҳои манфӣ ба муҳити атроф  ва ғайрахо…                                                                                                                                  Ба гуфтаи роҳбари Маркази таҳқиқот ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Пажуҳишгоҳи физикаву техникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ Қурбонҷон Кабутов, дар мамлакат истифода бурдани энергияи офтобу шамол, неругоҳҳои обии хурд ва биогаз дурнамои хуб дорад. Истифодаи обгармкунаки офтобӣ дар шаҳру деҳот боиси сарфаи ҳезуму барқ мешавад. Аз поруи чорво ба ҷои таппак метавон биогаз ҳосил кард, ки самараи он даҳчанд аст. Ё тавассути бунёди нерўгоҳҳои барқи обии хурд метавон чанд хонаводаро тамоми сол бо барқи арзону тоза таъмин кард.

Саволе ба миён меояд, ки ҳамчун шаҳрванд дар ҳудуди ҷои зисти худ мо кадом корҳоро анҷом дода метавонем, то ки дар рушди иқтисодиёти сабз саҳмгузор бошем?

Бояд амале кард, ки боиси ҳимояи муҳити зист ва солимии ҷомеа бошад. Аз ҷумла:

— мусоидат кардан барои баланд бардоштани маърифати экологии шахрвандон;

— мустаҳкам кардани маърифати экологӣ дар оила, мактаб, маҳала…;

— ба роњ мондани тадбирҳои таблиғотӣ оид ба тоза нигоҳ доштани муҳити зист;

— напартофтани партовҳо ба атроф, ба оби ҷуйборҳо ва дарёҳо;

— насӯзондани маводи пластикӣ, зараровар ва ифлоскунандаи ҳавои атмосферӣ;

— кабудизоркунии кӯчаву хиёбонҳо ва заминҳои назди ҳавлӣ;                                                                                                                                                                         — даст кашидан аз маводу ашёи яккарата ва истифодаи ашёи бисёркарата;

— иштирок дар барқароркунии захираҳои табиӣ (шинондани дарахту буттаҳо, пошидани тухми гиёҳҳои шифобахш, набуридани ҷангалзорҳо…);

— даст кашидан аз заҳрхимикатҳо, поруҳои химиявӣ ва истифодаи  поруҳои минералӣ;

— ташкил кардани боғҳо, гармхонаҳо ва парваришгоҳҳо оид ба истеҳсоли маҳсулоти тоза;

— кам кардани партовҳои маишӣ ва истифодаи дуюмбораи партовҳои органикӣ ба воситаи ташкил кардани чуқуриҳои компостӣ;

-сохтани хонаҳои экологие, ки рӯшноии офтоб дастрас бошад, гармӣ бухор нашавад, истифодаи гармкунакҳои офтобӣ, дегдонхо ва  бухориҳои каммасраф.

                                                                                                                                                                  ШАҲРВАНДОНИ МУҲТАРАМ, ҲИФЗИ ТАБИАТ ВА ЗАХИРАҲОИ ОН ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ЯКИ МОСТ, ЧУНКИ СОЛИМИИ ҶОМЕА БА СОЛИМИИ ТАБИАТ ВОБАСТА АСТ!

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед