Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро метавон меваи даврони соҳибистиқлолӣ номид. Ноҳия бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 02 феврали соли 1996 таъсис ёфта, дар маркази ноҳия — шаҳраки Меҳрон як қатор биноҳои замонавӣ бунёд гардиданд, айни замон бошад корҳои ободиниву созандагӣ бомаром идома дорад. Аз рӯзи таъсисёбии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 маротиба сафари корӣ анҷом доданд.
Дар ноҳия ду ҷамоати деҳот, яке ҷамоати деҳоти ба номи Иван Тоҷик ва дигаре ҷамоати деҳоти Лангар арзи вуҷуд дорад.
Дар қаламрави ноҳия 11 адад маконҳои таърихӣ, аз ҷумла, қалъаи Оббурдон, оромгоҳи Шайх Муҳаммад Дарвеши Хуҷандӣ, оромгоҳи Ҳоҷӣ Робеа, қалъаи Щузн, оромгоҳи Ҳазрати Гулшан, ҳаммоми қадима, қалъаи Ҳисорак ва ғ. мавҷуданд.
Дар ҳудуди ноҳия 34 хоҷагиҳои деҳқонӣ, 622 хоҷагиҳои инфиродӣ, 17 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 маркази таҳсилоти иловагӣ, 2 маркази инкишофи кӯдак, 1 беморхонаи марказӣ, 6 адад марказҳои саломатӣ, 2 корхонаи саноатӣ, 3 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ фаъолият карда истодаанд. Шумораи умумии аҳолӣ 25419 нафарро ташкил мекунад.
Чарогоҳҳо дар масоҳати 79310 га доман паҳн кардаанд. Масоҳати заминҳои кишоварзӣ 82431 га буда, 2438 га-ро заминҳои корами обӣ ташкил медиҳанд. Тибқи ҳисоботи оморӣ 80 фисади заминҳои киштшаванда барои парвариши картошка равона гардидааст. Масоҳати ҷангалу бешазор ба 8147 га баробар аст. Дар ҳудуди ноҳия 510 адад дарахтони бисёрсола мавҷуд аст.
Деҳаи Роғ аз маркази ноҳия дар масофаи 73 км дурӣ ҷойгир шудааст. Аз маркази ноҳия то ба деҳа расидан бо мошин тақрибан 5 соат вақт сарф мешавад. Деҳаи Роғ аз деҳаҳои нисбатан калони ҳудуди ноҳия буда, бино ба гуфтаи мардуми деҳа аз лиҳози шумораи аҳолӣ дуюмин ё сеюмин дар ноҳия ба ҳисоб меравад.
Дар ин деҳа 300 хоҷагӣ зиндагӣ ба сар мебарад. Ҷавонмарди тақрибан 35-36 сола бо номи Туйхон зимни суҳбат иброз намуд, ки қариб ҳамаи сокинони деҳаи Роғ зиндагиашонро аз ҳисоби деҳқонӣ пеш мебаранд. Бино ба нақли ҳамсуҳбати мо аҳолии деҳаи Роғ дар замин сидқан меҳнат мекунанд. Аз 10 сотих замин 5 тонна картошка ба даст оварда мешавад.
Тавре аз суҳбат бо мардуми деҳа маълум гашт нерӯи барқ аз ҳисоби нерӯгоҳҳои хурди оби барқӣ таъмин карда мешавад. Дар деҳа ду нерӯгоҳи обии ҷамъиятӣ ва се адад нерӯгоҳи обии хусусӣ фаъол аст. Дар яке аз нерӯгоҳҳои барқии ҷамъиятӣ, ки 95 хоҷагиро бо барқ таъмин мекунад, Ҳоҷиев Исмоил ном шахс масъул аст.
Бино ба нақли Ҳоҷиев И. соли 1991 ин нерӯгоҳи барқӣ бо маблағи аҳолӣ сохта шуд, аммо иқтидори он танҳо барои равшан кардани 800 адад фурӯзонакҳо ва кор фармудани 95 адад телевизор басандагӣ мекунаду бас. Дар фасли зимистон оби дарё камтар аст, бинобар сабаби кам будани об равшании фурӯзонакҳо нисбатан хира мешавад.
Бо назардошти норасоии барқ “Ассотсиатсияи энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон” соли 2020 тасмим гирифт, ки дар корхонаи дӯзандагии деҳаи Роғ бо иқтидори 2 кВт соат панелҳои офтобӣ ва обгармкунаки офтобӣ насб намояд.
Маркази саломатии деҳаи Роғ ба 13 деҳа, ки зиёда аз 6000 аҳолӣ дорад, хизмат мерасонад. Дар ҳудуди хизматрасонии маркази саломатӣ 4 адад бунгоҳи тиббӣ дохил мешавад. Ҳудуди хизматрасонии дутарафа масофаи 120 км-ро ташкил мекунад. Дар маркази саломатӣ 5 духтури оилавӣ ва ду духтури амрози занона (акушер гинеколог) фаъолият мебаранд. Дар маркази саломатӣ шӯъбаҳои кӯдакона, табобатӣ, таваллуд ва шӯъбаи беморони амрози занона мавҷуд аст.
Мутахассисони “Ассотсиатсияи энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон” бо назардошти вазъи норасоии барқ дар Маркази саломатии деҳаи Роғ низ обгармкунаки офтобӣ ва насб намуданд.
Сардухтури маркази саломатии деҳаи Роғ- Ғаффоров Қаюм зимни суҳбат гуфт: — Солҳои қаблӣ мо бо нерӯгоҳҳои барқии обии хусусӣ шартнома мебастем, рости гап азоб доштем, баъзан шабона барқ хомӯш мешуд. Аз вақте ки панелҳои офтобӣ насб гардид, ягон рӯз бе барқ нашудаем. Панелҳои офтобӣ 5 кВт соат барқ медиҳанд. Тавассути обгармкунаки офтобӣ, ки зарфи 200 литра об дорад, ҳамеша бо оби гарм таъмин ҳастем.
Қобили зикр аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани ноҳияҳои дурдаст бо мутахассисони худӣ ба хонандагони фаъол квотаи президентӣ ҷудо карда мешавад. Истиқоматкунандаи деҳаи Роғ Муллоева Орзугул, ки пас аз хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз соли 2019 дар маркази саломатии деҳаи Роғ ба ҳайси духтури амрози занона фаъолият карда истодааст.
Ба нақли ҳамсуҳбати мо аз ноҳияи Куҳистони Масчоҳ солҳои қаблӣ духтарон дар донишгоҳҳо таҳсил намекарданд. Айни замон духтарони ноҳияи дурдасти Кӯҳистони Мастчоҳ пас аз хатми мактаби миёна имтиҳонҳоро тариқи маркази миллии тестӣ супорида, дар донишгоҳҳо таҳсил карда истодаанд. Ба андешаи Орзугул бо ин вуҷуд, ки духтарон дар доишкадаву донишгоҳҳо таҳсил кунанд ҳам, аммо дар деҳаҳои дурдаст норасоии мутахассисони соҳаи тиб, аз қабили духтурони амрози занона, терапевт, духтури кӯдакона ба мушоҳида мерасад.
Якубов «Инсон ва табиат»