Партовҳои дорои дихлор-дифенил-трихлорэтан

0
3737
боздид
Ҷаласаи ифтитоҳии гӯруҳи корӣ оид ба баррасии лоиҳаи грантии минтақавии «Намоиши коркарди ғайриҳароратии партовҳои дорои дихлор-дифенил-трихлорэтан (ДДТ), дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон ва Қирғизистон)»

Баррасии 

вазъи партовҳои дорои дихлор-дифенил-трихлорэтан

 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

 

Санаи 15 марти соли ҷорӣ дар ш. Душанбе ҷаласаи ифтитоҳии гӯруҳи корӣ оид ба баррасии лоиҳаи грантии минтақавии «Намоиши коркарди ғайриҳароратии партовҳои дорои дихлор-дифенил-трихлорэтан (ДДТ), дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон ва Қирғизистон)» баргузор гардид.

Ба гӯруҳи корӣ мутахассисон аз вазоратҳои корҳои хориҷӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кумитаҳои бехатарии озуқаворӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Хадамоти гумрук, Академияи илмҳо, ҳамчунин коршиносони ташкилотҳои байналмилалӣ аз САҲА, БРСММ, ФАО, Фонди Швейсарӣ оид ба фаъолияти зиддиминаҳо (FSD), Ҷамъиятӣ Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ), намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (ВОЗ), намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон шомил буданд.

Дар назди ҳозирин коршиносони «Салиби сабзи швейсарӣ» — Стефан Робинсон, машваратчии байналмилалӣ Ваутер Пронк ва коршиноси техникӣ Ҷон Вейген маърӯза намуданд.

Бино ба гуфтаи коршиносони «Салиби сабзи швейсарӣ» тибқи лоиҳаи мазкур дар асоси талаботҳои конвенсияҳои Стокголми ва Базелии СММ  заҳрхимикатҳои партовгоҳи ноҳияи Вахш пурра безарар гардонида шуда, Нақшаи идоракунии партовгоҳи мазкур таҳия мегардад. Дар доираи корҳои минбаъда 2 қитъаи ҳатарнокиаш баланд ва 3 қитъаи хатарнокиаш пасттари бо пеститсидҳо заҳролудгардида тоза карда хоҳад шуд ва корҳои огоҳкунонӣ ва фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, махсусан занону кӯдакон ҷонноктар хоҳад гардид. Баланд бардоштани иқтидори миллӣ ва минтақавӣ имкон медиҳад, ки қитъаҳои дорои партовҳои хатарнок, монанди дихлор-дифенил-трихлорэтан (ДДТ) ва дигар пеститсидҳо безарар гардида, ба ин восита қитъаҳои заҳролудгардида ба қитъаҳои бехатари экологӣ табдил дода шавад.

Коршиносони швейтсарӣ иброз намуданд, ки партовҳои заҳрхимикатҳои партовгоҳи ноҳияи Вахш тавассути технологияи ғайриҳароратии замонавӣ, ки дар мамлакатҳои Аврупо озмуда шудааст, безарар гардонида мешаванд.

Коршиносони «Салиби сабзи швейсарӣ» тасмим доранд санаи 24 апрели соли 2018 қариб 1050 намунаи заҳрхимикатҳои партовгоҳи ноҳияи Вахшро ба хориҷи кишвар бурда, ташхис намоянд. Ҳамзамон харитаи мавқеи ҷойгиршавии партовгоҳи заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахш ва гирду атрофи он тавассути таҷҳизотҳои муосир  таҳия  карда мешаванд.

Партовгоҳи заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахш солҳои 70-уми қарни гузашта таъсис ёфта, масоҳати умумиаш 12 гектарро ташкил мекунад ва 6 гектари он бо симтур маҳкам карда шудааст. Аз маркази ноҳия дар масофаи 30 км, аз канали калони Вахш дар масофаи 17 км, аз нуқтаи аҳолинишин дар масофаи 8 км ва аз заминҳои кишоварзӣ дар масофаи 4 км воқеъ гардидааст. Боиси зикр аст, ки партовгоҳи заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахш дар ҷумҳурӣ яке аз оъектҳои хатарноктарини экологӣ ба ҳисоб меравад.

Партовгоҳи заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахш аз 41 чоҳҳо иборат буда, дар 37 адади он тибқи маълумотҳо, то давраи солҳои 1993 қариб 7500 тонна пеститсидҳо аз ҷумла, қариб 3000 тонна дихлор-дифенил-трихлорэтан (ДДТ) ҷойгир карда шудааст.

Хулоса, дар доираи лоиҳаи мазкур, ки барои безараргардонии партовҳои партовгоҳи заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахш равона гардидааст, тибқи меъёру стандартҳои байналмилалӣ дар назар аст, ки барои олуда нагардонидани муҳити зист дар як шабонарӯз аз 1,9 то 2 тонна заҳрхимикат безарар гардонида шавад.

 

                           Р. ХАЙРУЛЛОЕВ,

директори Муассисаи давлатии Маркази

миллии иҷрои Конвенсияи Стокголм оид ба

 ифлоскунандаҳои устувори органикӣ

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед