ПЕШГИРИИ ҲОЛАТҲОИ КОРРУПСИОНӢ
дар маркази таваҷҷуҳи мутахассисону кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон
Дар асоси супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-ноябри соли 2017 №16/10-7 ҷадвали гузаронидани машғулиятҳои бозомӯзии кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон тасдиқ гардидааст, ки он рўзҳои душанбеи ҳар ҳафта баргузор мегардад.
Рӯзи душанбеи ҳафтаи охири моҳи октябр мутобиқ ба санаи 29 октябри соли ҷорӣ мувофиқи ҷадвал дар дарси бозомӯзӣ, ки сардорону мудирон ва мутахассисони шуъбаю бахшҳои Раёсат ва шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар иштирок доштанд, масъалаи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013 №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дарси бозомӯзиро сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Шамсиддин Раҳимов ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр сохт, ки нақшаи чорабинии идоравии Раёсат оид ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои он таҳия ва тасдиқ гардида, назорати доимӣ ва қатъӣ аз болои шахсони масъул ба роҳ монда шудааст.
Қобили зикр аст, ки ҳамчунин дар мавзӯи муайян ва пешгирӣ намудани омилҳои пайдоиши ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, риояи талаботи қонунгузорӣ ва муқовимат бо коррупсия дар машғулияҳои бозомӯзӣ бо иштироки мутахассисони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва дигар сохторҳо суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Чунин як вохӯрии судманд бо сармутахассиси шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Эмомалӣ Раҷабзода баргузор гардид.
Ҳангоми суҳбат мавсуф иброз дошт, ки яке аз қонуншиканиҳо ин сарфи маблағҳои буҷетӣ буда, аз хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зисти вилоят тақозо мешавад, ки пеши роҳи омилҳои ба ҳаракатҳои корупсионӣ мусоидаткунандаро гирифта, маблағҳои буҷетӣ ва ҳисоби махсусро тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда сарфакорона ва мақсаднок истифода баранд.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки пардохтҳои экологӣ, маблағҳои ҷаримаю зарар ва дигар намуди хизматрасониҳои экологӣ танҳо тариқи бонкҳо бояд гузаронида шаванд.
Дар машғулияти бозомӯзӣ ахбороти сардори шуъбаи банақшагирӣ, муҳосибот, кадр, ҳуқуқ ва хоҷагидории Раёсат У. Раҳматов марбут ба натиҷаи тафтиши молиявӣ ва андешидани тадбирҳои зарур ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта шунида шуд.
Дар охири вохӯрӣ ба иштирокчиёни машғулияти бозомӯзӣ бобати пешгирӣ ва роҳ надодан ба омилҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда тавсияҳо дода шуданд.
А. Имомов, сармутахассиси шуъбаи банақшагирӣ,
муҳосибот, кадр, ҳуқуқ ва хоҷагидории Раёсат