«Пешгирии ифлосшавии ҳаво ва об тавассути энергияи барқароршаванда»

0
548
боздид

Озмун байни ҷавонони 17-25 сола

Ба тавваҷӯҳи ҷавонон расонида мешавад, ки барои иштирок дар семинарҳои омӯзишӣ дар раванди лоиҳаи «Пешгирии ифлосшавии ҳаво ва об тавассути энергияи барќароршаванда» озмун эълон мешавад.

Лоиҳа аз ҷониби Ассаосиатсияи энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон бо дастгирии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Ҳадафи лоиҳа: Ҳавасманд ва ҷалби ҷавонон ва рӯзноманигорон дар масъалаҳои марбут ба муҳити зист, аз қабили ифлосшавии об ва ҳаво ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум тавассути каналҳои таҳияшуда мебошад.

Барои иштирок дар семинарҳои омӯзишӣ ҷавонони аз синни 17 то 25 сола даъват карда мешаванд, ки барои пешгирии ифлосшавии табиат фаъол бошанд.

Озмун аз 3 қисм иборат буда, дар қадами аввал 25 нафар иштирокчиён аз тамоми минтақаҳо, ки ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист шавқ доранд, барои иштирок дар семинарҳо интихоб карда мешаванд.

Иштирокчиёни интихобшуда, дар доираи семинари 1 рӯза оиди масъалаҳои ҳифзи муҳити ҳист, аз он ҷумла мушкилотҳои ифлосшавии обу ҳаво ва пешгирии он маълумот гирифта, барои таҳияи идеяҳои ҳалли мушкилиҳои иҷтимоӣ ва экологӣ малакаҳои техникӣ меомӯзанд.

Дар қисми дуюми озмун, иштирокчиён лоиҳаи идеяҳои худро пешниҳод намуда, аз натиҷаи он 5 нафар барои иштирок дар сафари саҳроӣ интихоб мегарданд.

Сафарҳои саҳроӣ ба 4 минтақаи Ҷумҳурӣ ба нақша гирифташудааст, ки намунаи фаъолиятҳои пешгирии ифлосшавии табиат дар онҷо,  татбиқ шудаанд.

Қисми 3юми озмун интихоби идеяи беҳтарин ва паҳнкунии маълумот мебошад.

Ғолибони озмун бо тӯҳфаҳои хотирмон, аз он ҷумла ҷароғакҳои офтобӣ мукофонида мешаванд. Ин таҷҳизот манъбаи нерӯ барои телефонҳои мобилӣ, равшанӣ ва мусиқии бардавом мебошад. 

Шарти озмун

Барои иштирок дар озмун ҷавони ҳавасманд бояд иншо (эссе), иборат аз 600-1000 рамз, дар мавзӯи Ифлосшавии обу ҳаво ва пешгирии он пешниҳод намоянд.

Забони иншо: тоҷикӣ ва русӣ

Мӯҳлати пешниҳоди дархост

Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 16 апрели соли 2021 то соати 17:00 мебошад.

Иншо ҳамчун як файли PDF ё MS Word бояд ба тариқи электронӣ ба Диловар Мамуров (director@ret.tj) фиристода шавад.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед