ПЕШНИҲОДИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

0
135
боздид

барои муайян намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар сиғаи видеоконференсия пешниҳод намуданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки пиряхҳо захираи асосии оби соф мебошанд. Обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.

«Агар дар солҳои шастуми асри гузашта таъминоти об ба сари ҳар як нафар аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ солона ба зиёда аз ҳашт ҳазор метри мукааб баробар шуда бошад, имрӯз ин нишондиҳанда зиёда аз чор баробар кам гардида, дар як сол каме зиёд аз ду ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Мутаассифона, обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст. Ин омил, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва накӯаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақаҳои наздисоҳилии онҳо, таҳдид ба бор орад», — илова намуданд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлати Тоҷикистон зикр намуданд, ки ин масъалаи доғи рӯз бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан пешвоёни сиёсӣ қарор дошта бошад.

«Дар ин қарина ҳамчунин мехоҳам бори дигар пешниҳоди Тоҷикистонро оид ба таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки метавонад захираҳои молиявиро аз сарчашмаҳои гуногун ҷиҳати пиёда намудани иқдомоти зарурӣ ва татбиқи ҳадафҳо дар ин ҷода сафарбар намояд, хотиррасон намоям», — тазаккур доданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ёдовар бояд шуд, ки роҷеъ ба зарурияти таъсиси Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал соли 2009 дар Конфронси байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим  (Копенгаген) пешниҳод ироа гашта буд.

       «Инсон ва табиат»

 

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед