ПИЁЗИ АНСУЛ (Allium stipitatum)
Ансул пиёзи кӯҳӣ буда, якчанд намуд дорад. Маҳалли рушди ансул нишебиҳои шағалдор ва зардхок, минтақаи нимсаванаи алафаш хӯшадори баланд, ҷангалзори гармсер ва паҳнбарг (дар баландии 900 – 2300 м аз сатҳи баҳр) мебошад. Ин растанӣ нодир буда, хусусияти табобатӣ дорад. Пиёзи ансулро дар хамир печонда дар қӯри оташ бипазанд, намак карда аз он 8 граммашро бо дили наҳор хӯранд, дарунро хуб меравонад. Дарди нимсара, дарди сар, аз хунукӣ, паридани аъзо, фолиҷ, каҷ шудани рӯ, дарди гӯш, астма, сурфаи куҳна, дамкӯтаҳӣ, зардпарвин, дарди буғумҳо, радикулит шифо мебахшад. Бояд дар хотир дошт, ки дар баъзе ҳолатҳо пиёзи ансул метавонад организми одамро заҳрнок созад. Бинобар ин пеш аз истифодаи он бо мутахассисон маслиҳат бояд кард.