Пумаи шарқӣ аз байн рафт.
Тибқи иттилои DEITA.RU пумаи шарқӣ, ки дар ҳолати нестшавӣ қарор дошт расман ба қатори ҳайвоноти аз байн рафта дохил карда шудааст. Дар ин бора маҷаллаи ҳаррӯзаи ҳукумати Амрико низ дар феҳристи худ хабар додааст. Пумаи шарқӣ дар асоси сарчашмаҳои дастраси илмӣ ҳамчун даррандаи аз байн рафта эътироф карда шуд. Қайд карда мешавад, ки дар минтақаҳои гуногуни олам чанд сол аст, ки на популятсияи пумаи шарқӣ ва на ягон фарди ин зернамуд во нахӯрдааст.