ТАҶҲИЗОТҲОИ ОФТОБӢ МУШКИЛОТИ МАРДУМРО ТО ҲАДДЕ ОСОН НАМУДААСТ
Тибқи пешгӯии коршиносони Агентии байналмилалии энергетика то соли 2050 тахминан 20-25% талаботи инсоният ба энергетика тавассути истифодабарӣ аз нерӯи офтоб қонеъ гардонда хоҳад шуд. Ба гуфтаи доктори илмҳои кимиё Ҳаким Ахмедов, самаранокии радиатсияи офтоб дар Тоҷикистон ба 1 метри мураббаъ ба 1 кВт баробар мешавад. Дар сурати пӯшондани ҳамагӣ 0,1% ҳудуди ҷумҳурӣ бо панелҳои офтобӣ, энергияи истеҳсолшуда дар як сол 300 миллиард кВт соатро ташкил хоҳад дод.
Баъди гузаронидани тадқиқот дар соли 2020 намояндагони “Ассотсиатсияи энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон” ноҳияи Дӯстиро дар доираи лоиҳаи “Пешгирии ифлосшавии ҳаво ва об тавассути энергияи барқароршаванда” дар қатори ноҳияҳои пилотӣ ворид намуданд. Яке аз баҳрабарандагони асосии таҷҳизотҳои офтобӣ Маркази захиравии занони ноҳияи Дӯстӣ мебошад. Роҳбарии Марказро зани кордону ташаббускор, директори ташкилоти ҷамъиятии “Дармонбахш” Қутбия Ҷоншоева ба дӯш дорад.
Аз суҳбат бо Қ.Ҷоншоева маълум гашт, ки Маркази захиравии занон барои занҳое, ки мавриди зӯроварии хонаводагӣ қарор мегиранд, паноҳандагӣ медиҳад. Дар марказ курсҳои компутерӣ ва дӯзандагӣ барои занҳои ҷабрдида фаъол аст.
Намояндагони “Ассотсиатсияи энергияи барқароршаванда” бо назардошти маҳдуд будани нерӯи барқ дар фасли зимистон дар маркази захиравии занон обгармкунаки офтобӣ ва батареяҳои офтобӣ насб намуданд. Бештар барои касбомӯзӣ ба марказ занҳо дар фасли зимистон муроҷиат мекунанд. Зеро корҳои саҳроӣ тамом мешаванду занҳо дар зимистон бекор мемонанд. Таҷҳизотҳои офтобӣ бошад барои анҷом додани корҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ ёрдами калон мерасонанд.
Ёдовар мешавем, ки таҷҳизотҳои офтобӣ дар яке аз иншоотҳои ҷашнӣ ба 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ – маркази савдои “Дӯстӣ”, ки дорои тӯйхона, ошхонаи таомҳои миллӣ, мағоза ва ҳаммом мебошад ва ба таври замонавӣ сохта шудааст, насб гардидааст. Тамоми фурӯзонакҳои корхона аз ҳисоби панелҳои офтобии 2 киловатта равшан мешаванд ва обгармкунаки офтобӣ барои гарм кардани оби ҳаммом хизмат мерасонад.
Бино ба гуфтаи ҳамоҳангсози лоиҳаи “Пешгирии ифлосшавии ҳаво тавассути истифодаи энергияи барқароршаванда” Фаррух Қосимов, системаи 2 киловатаи офтобӣ аз 8 панели болои бом ва 8 аккамулятори дохили ҳуҷра иборат аст. Ҳар як панеле, ки қувваи барқ истеҳсол менамояд, дар аккамулятор нерӯ захира карда мешавад. Пас системаи баромад тавассути автомате, ки дар ҳуҷра гузошта шудааст, барои бо рӯшноӣ таъмин кардани корхона истифода бурда мешавад. Ба ҷуз ин системаи обгармкунии зарфи 200 литра тавассути нерӯи офтоб дар тобистон обро то 80-90 дараҷа гарм мекунад.
Агар ба ин миқдор оби ҷӯш оби хунукро илова намоем, то 300-400 литр оби ширгарм ҳосил кардан мумкин аст. Ин система ба шабакаҳои барқии ноҳиявӣ пайваст аст. Бартрияти система дар он аст, ки инвектор ва контролер дар як сандуқча ҷойгир шудаанд. Яъне дар сурати мавҷуд будани барқи давлатӣ аккамулятор метавонад, нерӯи барқро захира намояд. Рӯзона барқи давлатӣ ва шабонгоҳон барқи захирашуда истифода бурда мешавад.
Дар доираи Нақшаи идоракунии устувор ва самаранокии энергияи Кумитаи занони деҳаи Шаҳринав хонаводаи Ҳафиза Валиева, яке аз аъзоёни фаъоли ташкилоти “Дармонбахш” ҳамчун минтақаи пилотӣ аз тарафи лоиҳаи “Пешгирии ифлосшавии обу ҳаво тавассути истифодаи энергияи барқароршаванда” пазируфта шуд ва дар бомпӯши хонаи истиқоматӣ панелҳои офтобӣ дар ҳаҷми 1 кВт соат насб ва инчунин ошхонаи сайёри офтобӣ тақдим гардид.
Зимни суҳбат Ҳафиза Валиева иброз намуд, ки аз занҳои деҳа, онҳое, ки ба дӯзандагӣ майл доранд, дар вақтҳои набудани барқи умумӣ ба хона омада, корашонро анҷом медиҳанд. Аз тарафи ин хонадон ба оилаҳои камбизоат ҷиҳози арӯсӣ ба таври ройгон дӯхта, ҳамчун тӯҳфа расонда мешавад. Ҳамчунин дар фасли зимистон, ки маҳдудияти барқ ҷорӣ буд, нерӯи захирашудаи панелҳои офтобӣ барои заряд додани телефонҳои мардуми деҳа хизмат мерасонад. Соли гузашта Ҳ.Валиева ва Қ.Ҷоншоева ду маротиба бо занҳои деҳа дар мавзуҳои истифодаи таҷҳизотҳои офтобӣ ва манфиати дӯзандагӣ семинари омӯзишӣ доир намуданд.
Мустафо Валиев, сарвари хонавода буда, солҳои тӯлонӣ ба боғу токпарварӣ ва ниҳолпарварӣ машғул аст. 50 сотих қитъаи замини наздиҳавлигӣ дорад. Дар ин қитъаи замин тамоми намуди зироатҳои мутобиқи иқлими маҳал, дарахтҳои арча ва гулҳои рангорангро дидан мумкин аст. Аз лиҳози муҳимият баъди гандум чормағзи заминӣ (арахис) қарор дорад. Аксар аҳолии деҳаи Шаҳринав ба кишт ва парвариши ин намуди зироат машғул ҳастанд. Аз як гектар то 3 тонна ҳосил гирифтан мумкин аст.
Зимни муаррифии ошхонаи офтобӣ мавсуф чунин ибрози назар намуд: — Офтоби ин ҷо хеле сӯзон аст. Дар ошхонаи офтобӣ дар як рӯз то 100 литр ҷӯшонидани об имкон дорад. Дар ин таҷҳизот келинҳо тухм меҷӯшонанд, шӯрбо омода мекунанд. Аз тарафи мардум ба ин намуди таҷҳизот нафарони зиёд таваҷҷуҳ мекунанд.
ВАЗЪИ МУҲИТИ ЗИСТ РӮ БА БЕҲБУДӢ НИҲОДААСТ
Тавре аз гуфтаҳои сармутахассиси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Дӯстӣ Мирзохӯҷа Зоҳиров бармеояд, қавмҳои гуногун паҳлӯ ба паҳлӯ истода дар ободониву шукуфоии ноҳия саҳм гузошта истодаанд. Шумораи аҳолии ноҳия ба 120 ҳазор нафар мерасад. Шуғли асосии аҳолӣ кишорварзӣ мебошад. Бахусус пахтакорӣ ва обчакорӣ хеле ривоҷ ёфтааст. Полезиҳо хеле хуб нашъунамо мекунанд.
Доир ба фаъолияти бахши ҳифзи муҳити зист нақл карда истода, Зоҳиров М. гуфт, ки давоми 6 моҳи соли 2021 дар корхонаву хоҷагиҳои ноҳия 67 адад санҷишҳо гузаронида шуда, мувофиқи нақшаи пардохтҳои экологӣ барои ифлоскунии муҳити зист дар нимсолаи аввали с.2021-ум 74850 сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки 102%-ро ташкил мекунад. ва барои бартараф кардани камбудиҳо ба табиатистифодабарандагон 118 пешниҳодҳо дода шудааст.
Дар мавсими ниҳолшинонии имсола тибқи нақша дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ шинонидани 18000 бех ниҳол, аз ҷумла 12000 бех ниҳолҳои сояафкан, 3500 адад ҳамешасабз ва 2500 адад ниҳолҳои ороишӣ дар назар дошта шуда буд, ки иҷрои он барзиёд, яъне 103,6% таъмин шудааст. Аз ҷумла, 12540 бех дарахтони сояафкан, 3560 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва 2550 бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд. Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати санитарии манбаъҳои обӣ дар доираи амалӣ гаштани бандҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028” дар ҳудуди ноҳия аксияи “Тозагии соҳил-маҳал” гузаронида шуд, ки дар ин маърака зиёда аз 2870 нафар сокинон иштирок намуда, 17,5 км новаҳои обгузари дохили маҳаллаҳои аҳолинишин аз партовҳо тоза карда шуданд.
Бино ба нақли ҳамсуҳбати мо дар ҷамоати “20 солагии Истиқлолият” (дар гузашта бо номи Гараути маъруф), ки як вақтҳо 60%-и аҳолии ҷумҳуриро бо тарбузу харбузаи ширину болаззат таъмин мекард. Қобили зикр аст, ки яке аз омилҳои хуб нашъунамо кардани полезиҳо ва ширин будани меваҷоти ин минтақа ба офтоб вобаста аст.
Баъди солҳои 90-ум насосҳои обкаш аз кор бозмонда буд ва аҳолии он ба дигар ҷойҳои мувофиқ барои зиндагӣ кӯч бастанд. Бо саъю талоши Ҳукумати кишвар тайи се соли охир насосҳои обкаш барқарор гашта, барои обёрии заминҳои кишт усули қатрагӣ ба роҳ гузошта шудааст. Аксар мардуми кӯчбаста боз ба маҳалли зисти муқоимиашон баргаштанд. ва дар давоми се сол ҳама заминҳои аз корбаромада ба сабзазор табдил ёфт. Айни замон аҳолии ҷамоати 20 солагии Истиқлолият тақрибан ба 25 ҳазор нафар мерасад.
«Инсон ва табиат»