Растаниҳо ва роҳҳои парваришу муҳофизати онҳо

0
4156
боздид
Имрӯзҳо масъалаи ҳифзу оқилона истифодабарии растаниҳои фоидаовар ва ғизоӣ басо ташвишовар мебошад.

Растаниҳои ғизоӣ ва давоии тоҷикистони ҷанубӣ ва роҳҳои парваришу муҳофизати онҳо

Масъалаи омӯзиши олами набототи худрӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи оқилонаю сарфакоронаи онҳо яке аз масъалаҳои муҳими ҳалталаб буда, дар солҳои охир аҳамияти илмию амалии он ба маротиб афзудааст. Хусусан, боғикунонии гиёҳҳои шифобахш ва нодиру камёфти худрӯй дар шароити имрӯза басо зарур аст.

Имрӯзҳо масъалаи ҳифзу оқилона истифодабарии растаниҳои фоидаовар ва ғизоӣ басо ташвишовар мебошад. Ин гуна растаниҳо дар натиҷаи ҷамъоварӣ ҳамчун гиёҳҳои дорӯгӣ, мевадиҳанда, хӯроки чорво, ороишӣ ва ғайра ба ҳадди нестӣ расида истодаанд. Ҳоло он ки омӯзиши хусусиятҳои химикию-фармакологии як қатор растаниҳои шифобахш ва ғизоӣ нишон дода истодаанд, ки дар таркиби барг, поя, гул мева ва решаи онҳо гурӯҳи калони пайвастагиҳои химиявие дучор мешаванд, ки барои табобати беморони гуногун заруранд.

 

                    МОДЕЛ – (Allium giganteum Regel)

Дар Тоҷикистони Ҷанубӣ модел бештар дар ноҳияҳои ҷанубӣ паҳн гаштааст. Дар нишебиҳои куҳӣ байни дарахтон ва буттаҳо, баъзан вақт дар соҳили дарёҳо – дар шағалзамин мерӯяд. Аз рӯи баландӣ вай аз 500 то 2000 м аз сатҳи баҳр во мерхӯрад.

Дар боғи набототии шаҳри Кӯлоб аз соли 1999 парвариш карда мешавад. Ин растании калону зебо хушагули ҷафси куррашакл дошта, диаметраш ба 10-14 см мерасад. Гулҳояш равшани бунафшранг, ситорашакл, баргҳои косагулаш паҳн, қариб 1 см диаметр дорад. Пояаш боқувват, рангаш кабудранг буда, барг дида намешавад ва 100-150 см баландӣ дорад. Баргҳояш калон, тасмашакл, ба монанди пояаш кабудранг буда, 30 – 40 см дарозӣ ва 8 – 12 см паҳнӣ дорад. Мевааш кӯраки маҷақмонанд буда, қариб 0,3 см баландӣ ва 0,6 см паҳнӣ дорад. Тухмҳояш сиёҳ, нокмонанд ва бо пардаи ноҳамвор пушида шуда, дар 1 г 227 дона дорад.

Нашъунамои модел дар боғи набототии Кӯлоб дар моҳи феврал сар мешавад. Аввал баргҳои калон пайдо шуда, сипас дар охири моҳи март ё аввали моҳи апрел пояи гулдор пайдо мешавад, ки ғунчагулаш бо рӯйпӯши сабз печонида шудааст. Гулкунӣ дар авваи май сар мешавад ва дар аввали июн ба охир мерасад, яъне модел дар давоми як моҳи пурра гул мекунад. Тухмҳояш дар охири моҳи июн – аввали моҳи июл мепазанд. Баргҳояш мунтазам – аз охири моҳи апрел то миёнаҳои моҳи июн хушк шуда, ранги сурхчатоб мегиранд.

 

Мушоҳидаҳои сершуморе, ки солҳои охир дар минтақаҳои гуногуни пахншавии модел гузаронидем, нишон медиҳанд, ки қариб дар ҳамаи мавзеъҳои рушди он миқдораш хеле коҳиш ёфта, дар қисман ҷойҳо аллакай ба ҳади нестӣ расидааст. Бинобар ин,   дар маҳалли паҳншавии он чораҳои пешгирии онро аз нобудшавӣ ба роҳ мондан даркор.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед