Сангпушти осиёимиёнагӣ

0
814
боздид
Сангпушти осиёимиёнагӣ тобистон пас аз хушк шудани набототи эфемерӣ ба хоби тобистона ва баъдан ба хоби зимистона меравад.

АЗ КИТОБИ СУРХИ ТОҶИКИСТОН

Сангпушти осиёимиёнагӣ

Agryonemis horsfieldi.  

Зерқатори Сангпуштҳои гарданпинҳон Cryptodira

Оилаи Сангпуштҳои хушкигард Testudinidae

Мақоми ҳифз

Намуди осебпазир. VU. Ба рӯйхати сурхи ИБҲТ дохил карда шудааст.

Паҳншавӣ

Дар водии дарёҳои Кофарниҳон, Вахш, Панҷ, Сир ва нимбиёбонҳои байни ин дарёҳо, водию доманаи қаторкӯҳҳои Қаратову Панҷ, Муғул, Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Боботоғ, Қаротегин, Вахш ва ғ. дар баландиҳои аз 270-1700 м аз сатҳи баҳр паҳн гардидааст.

Муҳити сукунат

Муҳити хоси зисти сангпушт теппаҳои сафедхоки набототашон зичи эфемерӣ ба ҳисоб меравад. Дар доманакӯҳҳо дар ҷойҳои гилбуму регзор, дар нимбиёбонҳо бошад дар ҷойҳое, ки явшону шутурхори сирак мерӯянд, дучор меояд.

Саршумор

Ҷамоаи нисбатан устувори сангпушт дар ҳудуди Тоҷикистони Ҷанубӣ-Ғарбӣ боқӣ мондааст. Дар солҳои 2013-2014 саршумори он дар ин минтақа, дар муҳитҳои хоси зист то 10 фард дар 1 га баҳогузорӣ карда шудааст. Саршумори сангпушт дар водии дарёи Сир ва минтақаҳои ҳамсарҳади он хеле маҳдуд гардида, ба ҳадди нестӣ расидааст. Соли 2007 дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор дар муддати се рӯз ҳамагӣ 10 фарди сангпушт ба қайд гирифта шудааст.

Хусусиятҳои биологӣ

Моҳҳои март-апрел фаъол мегардад. Тобистон пас аз хушк шудани набототи эфемерӣ ба хоби тобистона ва баъдан ба хоби зимистона меравад. Сангпуштҳо ҳамагӣ 3-4 моҳ фаъол мебошанд. Моҳи апрел ҷуфт мешаванд. Моҳи июн 4-5 тухм мегузорад. Дар 11-14 солагӣ болиғ мешаванд. Барг, поя, гул ва тухми растаниҳо, баъзе намудҳои ҳайвоноти бесутунмуҳраро ғизо мегирад.

Омилҳои маҳдудкунанда

Аз худ намудани талу теппаҳо ва доманакӯҳҳо, ғайриқонунӣ доштани сангпушт бо мақсади тиҷорат сабабҳои асосии маҳдуд гардидани саршумори он ба ҳисоб мераванд.

Парвариш дар шароити сунъӣ

Дар шароити сунъӣ хуб парвариш меёбад.

Тадбирҳои ҳифз

Пурзӯр намудани ҳифзи сангпушт дар мавзеъҳои хоси сукунат ва пешгирии роҳҳои ғайриқонунӣ доштани он бо мақсади тиҷорат.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед