Саршумори гавазни бухороӣ дар парваришгоҳи “Ромит” ба 23 сар расид

0
2173
боздид

Аз ҷониби Кумитаи  ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади афзунгардонии ҳайвоноти нодир дар ҳудудҳи табиии махсус муҳофиазатшаванда тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Аз тарафи Муассисаи давлатии ҲТММ иттилоъ доданд, ки бо мақсади барқароркунии популятсияи гавазни бухороӣ дар резервати биосферии “Ромит” саршумори гавазни бухороӣ дар парваришгоҳи “Ромит” ба 23 сар расонида шуд.

Бо мақсади ошноӣ аз ҳолати парваришгоҳ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон аз Парваришгоҳи гавазни бухороии резервати биосферии “Ромит” боздид ба амал овард.

Бино ба иттилои масъулини МД ҲТММ, ҳолати инкишофёбӣ ва мутобиқшавии гавазнҳои навзод дар муҳити экосистемаи резервати “Ромит” муътадил буда, қобилияти вазнгирии табиӣ ва афзоиши табиии онҳо мувофиқи хусусиятҳои биологии намуди гавазни бухороӣ хуб аст. Айни замон масоҳати парваришгоҳ аз 5,5 га ба 10 га расонида шудааст.

Ҳадафи асосии ташкили парваришгоҳи гавазни бухороии резервати биосферии Ромит, аз барқарор намудани популятсияи гавазни бухороӣ, ки дар Китоби сурхи Тоҷикистон ворид карда шудааст, иборат мебошад. Ҳамзамон, зиёд намудани ҳайвоноти нодир ва афзун гардонидани ареали гавазни бӯхороӣ дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон ва таъмини шароити устувор барои онҳо боиси барқароркунии захираҳои гуногунии биологӣ ва рушди сайёҳии экологӣ мегардад.

«Инсон ва табиат»

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед