Ба саволҳо сармутахассиси шуъбаи назорати давлатии ҳифзи ҳавои атмосфераи Кумита Ғуломов Абдухалил посух мегӯяд.
- Чаро коршиносону олимони ҷаҳон тайи ду даҳсолаи охир аз тунук шудани қабати озонии атмосфера бонги хатар мезананд?
-Тавре ба ҳамагон маълум аст, Офтоб — манбаи рӯшноӣ ва гармӣ буда, ҳаёт ба туфайли он вуҷуд дорад, аммо дар зери ин гармӣ таҳдиди пинҳон – шуъоҳои ултрабунафши ҳалокатбор ҷойгир шудаанд, ки ба тамоми мавҷудоти зинда таъсир мерасонанд. Аз тамоми ин шуъоҳои ҳалокатбор мо – мавҷудоти зиндаро қабати ҳифзкунандаи молекулаҳои озон нигоҳ медорад. Қабати озон шуъоҳои рӯҳафзо ва ҳаётбахши офтобро гузаронида, шуъоҳои ҳалокатовари ултрабунафшро намегузаронад. Аммо сабабҳои гуногун ба тунук шудани қабати озон оварда расонидааст. Дар навбати аввал ин фреонҳои ХФК (хлорфторкарбонҳо) ва ГХФК мебошанд, ки онҳо асосан дар яхдонҳо ва кондитсионерҳо ба сифати моддаҳои сардкунанда истифода бурда мешаванд.
Фреонҳо то вақте, ки дар дохили зарф (баллон, силиндр, таҷҳизоти яхдон) ҷойгиранд, бехатар мебошанд, вале баъди берун шудан бераҳмона ба қабати озон ҳуҷум мекунанд. Тунук шудани қабати озон ҷараёни радиатсияи офтобро зиёд намуда, боиси афзоиши шумораи одамони гирифтор ба саратони пӯст ва бемориҳои чашм, алалхусус катаракта оварда мерасонад. Инчунин сатҳи баланди афканишот ба афзоиши босуръати ҳалокати ҳайвоноти баҳрӣ ва нобудшавии растаниҳо оварда мерасонад.
- Озон дар кадом қабатҳои атмосфера вуҷуд дорад?
-Қисми зиёди озон (тақрибан 90%) дар қабати стратосфера (аз сатҳи замин дар масофаи 10-50 км) ҷойгир шудааст. Бинобар сабаби ба миқдори зиёд мавҷуд будани озон дар стратосфера ин қабатро қабати озон низ меноманд. Вуҷуд доштани озон дар атмосфера ҳанўз дар асри 19 бо ёрии ченкуниҳои химиявӣ ва оптикӣ собит карда шуд. Дар тропосфера миқдори начандон зиёди молекулаҳои озон вуҷуд дорад. Озони стратосферӣ зери таъсири афканишоти ултрабунафши офтоб аз молекулаҳои оксиген, ки 21 % атмосфераро ташкил медиҳанд, ба вуҷуд меояд. Дар аввал зери таъсири нурҳои офтоб молекулаи оксиген (О2 ) ба ду атоми оксиген таҷзия мешавад. Сипас ҳар як атом бо молекулаи оксиген якҷоя шуда, молекулаи озонро (О3 ) ташкил мекунад. Зери таъсири нурафкании офтоб молекулаи озон низ метавонад ба атом ва молекулаи оксиген таҷзия шавад. Ин ду реаксия бефосила ба вуҷуд меоянд. Дар натиҷа, озони аз ҳама зиёд дар стратосфераи минтақаи тропикӣ ба вуҷуд меояд, зеро дар он ҷо дараҷаи афканишоти офтоб нисбат ба тропосфера ва арзҳои дигар баландтар аст. Як миқдор озони стратосферӣ ба тропосфера интиқол ёфта, миқдори озонро дар сатҳи замин, хусусан дар гўшаҳои душворгузар ва ифлоснашудаи замин зиёд мекунанд.

- Хлорфторкарбонҳо (ХФК) дар қабати стратосфера чӣ тавр пайдо шудаанд?
Молекулаҳои ХФК аз ҳаво якчанд маротиба вазнинтар ҳастанд, аммо тадқиқотҳои зиёд, ки бо кураҳои обуҳавосанҷӣ, самолётҳо ва моҳвораҳо гузаронида шудаанд, гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳақиқатан дар қабати стратосфера ХФК вуҷуд доранд. Атмосфера як чизи беҳаракат нест. Зери таъсири шамолҳо дар атмосфера массаҳои ҳавоӣ ба баландиҳое бардошта мешаванд, ки ҳатто аз сарҳади болоии стратосфера ҳам мегузаранд. Ин ҳодиса бо суръате рўй медиҳад, ки молекулаҳо фурсат намеёбанд, аз рўи вазни худ дар ҳаво тақсим шаванд. Чунин газҳо, ба монанди ХФК, ки дар об ҳал намешаванд, дар қабатҳои поёнии атмосфера (дар баландии тақрибан 10 км) нисбатан камҳаракат мебошанд ва бо дигар ҷузъҳои ҳаво зуд омехта шуда, дар натиҷа, новобаста ба вазни худ, ба стратосфера рафта мерасанд.
- Чӣ тавр хлор ва бром ба қабати стратосфера таъсир мерасонанд?
-Тадқиқотҳои лабораторӣ нишон медиҳанд, ки хлор (CI) бо озон фаъолона ба реаксия медарояд. Дар натиҷа оксиди аз ҷиҳати химиявӣ фаъоли хлор (CIO) пайдо шуда, метавонад дар равандҳои минбаъда иштирок кунад. Ин боиси регенератсияи хлори аввала мегардад ва чунин реаксия борҳо такрор мешавад. Ҳангоми ба якдигар таъсир намудани бром ва озон низ чунин реаксия рўй медиҳад. Дар стратосфера аксар вақт реаксияҳои гуногун, аз ҷумла бо иштироки фаъолонаи пайвастагиҳои химиявӣ ба вуҷуд меоянд, бинобар ин сабабҳои тағйиротҳои бавуҷудояндаро фаҳмидан хеле душвор аст. Гуфтан мумкин аст, ки ҳангоми дучор шудани хлор ё бром бо озон дар стратосфера, реаксияҳои озонвайронкунанда ба вуҷуд меоянд. Баъзан миқдори на чандон зиёди реаксияҳои химиявӣ дар шароитҳои табиӣ низ имконият медиҳанд, ки алоқаи ҳамдигарии ин моддаҳоро дар таҷрибаҳои лабораторӣ мушоҳида намоем. Чунин ҳолатро дар стратосфераи болои Антарктика ҳангоми ба вуҷуд омадани “сўрохӣ”-и озон дар фасли баҳор мушоҳида кардан мумкин аст.
- “Сўрохӣ”-и озон дар болои Антарктика чӣ гуна пайдо шудааст?
—Аввалин нишонаҳои камшавии зичии қиёсии озон, ки ба он стансияи арктикии Британия дар халиҷи Халлии Антарктика назорат мебурд, дар аввали солҳои 80-ум ба қайд гирифта шуданд. Тибқи андешаҳои олимон “сўрохӣ”-и озон ҳар сол дар натиҷаи якбора кам шудани миқдори қиёсии озон дар болои Антарктика дар давоми тахминан ду моҳи фасли баҳор дар нимкураи ҷанубӣ пайдо мешавад. Натиҷаи мушоҳидаҳо дар се стансияи дигари Антарктика, ки дар давоми якчанд даҳсола гузаронида шуданд, нишон дод, ки дар солҳои охир дар фасли баҳор миқдори қиёсии озон доимо тағйир ёфта меистад. Олимон ба хулосае омаданд, ки “сўрохӣ”-и озон аз сабаби вайрон шудани озони стратосфера зери таъсири газҳои дорои хлор ва броме, ки манбаъҳои асосии онҳо газҳои галоидкарбонии антропогенӣ мебошанд, пайдо мешавад.
Ташаккур!
Аҷаммеҳр