СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАМИН

0
423
боздид

22 апрел дар яке аз толорҳои конфронсии бинои “Душанбе – Плаза”  бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Замин бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо филиали Тоҷикистонии Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (CAREC) бо иштироки
фаъолонаи мутахассисону коршиносони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии беҳдошти замин, Маркази гуногунӣ ва бехатарии биологӣ, олимони донишгоҳҳои олӣ ва пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадиқотӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ВАО семинари илмӣ-амалӣ баргузор шуд.

Семинари илмӣ-амалиро бо сухани муқаддимавӣ муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидумрон Абдураҳмонзода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр сохт, ки дар аксар кишварҳои олам бахшида ба Рӯзи Замин ҳамасола 22 апрел чорабиниҳои гуногуни таблиғотиву маърифатӣ гузаронида мешавад.

«Бо қарори мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба ифтихори Рӯзи Замин дар тамоми қаламрави кишвар аксияҳои «Тозагии маҳал» , “Тозагии соҳил” ва “Тозагии замин” баргузор мегардад»- иброз дошт С.Абдураҳмонзода.

Боздиди иштирокчиён аз намоишгоҳ бахшида ба Рӯзи Замин

Дар маърӯзаи муовини Раиси Кумита қайд карда шуд, ки Тоҷикистон кишвари аграрӣ буда, истифода ва ҳифзи замин айни замон яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Вобаста ба дигар гаштани шаклҳои хоҷагидорӣ муносибат ба он низ тағйир ёфтааст.

Дар заминҳои ҷумҳурӣ қариб тамоми элементҳои кимиёвӣ мавҷуд буда, зиёда аз 20 навъи хок ба мушоҳида гирифта шудааст, ки тақрибан 10 ҳазор намуди растаниҳо нашъунамо меёбанд. Заминҳо аз қадим барои беҳдошти вазъи иқтисодии ҷомеа бо назардошти ҳифзи муҳити зист ва хусусиятҳои маҳал ба таври васеъ истифода мешаванд. «Тоҷикистон кишвари камзамин аст, аз ин рӯ ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки заминро оқилона ва самаранок истифода бурда, ҳифзи онро таъмин намояд»- таъкид дошт С.Абдураҳмонзода.

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешбурди соҳаи агросаноатӣ, паст намудани сатҳи камбизоатии мардуми кишвар ва бахусус ба талаботи замону муносибатҳои бозаргонӣ мутобиқ сохтани истифодабарии замин як қатор тадбирҳо пешниҳод гаштанд, ки онҳо марҳила ба марҳила амалӣ гашта истодаанд.

«Вазифаи асосии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати иҷрои саривақтӣ ва масъулиятноки чорабиниҳо оид ба самаранок истифодабарии замин, пешгирии вайроншавии хок, шӯршавӣ, ботлоқшавӣ ва ба эрозия дучор шудани замин, пешгирии ифлосшавии заминҳо аз партовҳои саноатию маишӣ мебошад»- зикр намуд муовини Раиси Кумита.

Мавсуф зимни маърӯза вобаста будани таназзулёбии заминҳо ва тағйирёбии иқлимро муҳим арзёбӣ намуд. Дар робита ба ин нукта қайд гардид, ки дар доираи Иттиҳоди Аврупо 12 кишвари узв худро аз биёбоншавӣ таъсирпазируфта эълон карда ва тақрибан нисфи заминҳои давлатҳои Аврупо ноқис аз моддаҳои органикӣ мебошад.

Тавре маълум аст, сол аз сол шумораи аҳолӣ дар кишварамон зиёд шудаву бинобар сабаби азхуд накардани заминҳои нав заминҳои обии корам мутаассифона кам шуда истодааст.

» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон эълон карданд, ки Тоҷикистон аз модели давлатӣ аграрӣ-саноатӣ ба модели саноатӣ-аграрӣ мегузарад, аммо ин маънои онро надорад, ки истифодаи Замин камаҳамият мешуда бошад.
Ҳар яки моро зарур аст, ки дар бораи ба эрозия гирифтор шудани заминҳо ба мардум корҳои фаҳмондадиҳиро зиёдтар намоем, то ҳар як нафар дар бораи арзиши баланди замин ва истифодаи самарнок ва оқилонаи ҳар як порча замин маълумоти бештар дошта бошад».—иброз дошт дар фароварди суханронӣ муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист.

Ёдовар мешавем, ки дар семинари илмӣ-амалӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода иштирок дошт.

Акси умумии иштирокчиёни семинари илмӣ-амалӣ -«Рӯзи Замин»

Ҳамзамон аз тарафи кормандони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин, Маркази гуногунии биологӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ доир ба муҳимияти баргузории Рӯзи Замин ба ҳозирин презентатсияҳои ҷолиб пешкаш карда шуд.

Ҷамолиддин ЁҚУБӢ

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед