Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва дар асоси амри раиси ноҳия аз 06 феврали соли 2019, таҳти № 37 “Оид ба гузаронидани аксияҳои “Тозагии маҳал-2019” ва “Тозагии соҳил-2019” дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритуз санаи 27 июли соли равон шанбегии навбатии оммавӣ гузаронида шуд.
Дар шанбегии мазкур кормадони ташкилоту сохторҳои гуногуни ноҳия ва аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳаҳо бо як ҳисси баланди шаҳрвандӣ фаъолона иштирок намуданд:


Бахши мазкур дар оянда низ бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, хусусан ҷавонон ва ташвиқу тарғиби зебоипарастӣ байни аҳолии ноҳия аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, дар пешрафти корҳои ободонию созандагӣ ба хотири истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро хоҳад гузошт.