ШАҚОҚУЛ

0
310
боздид
Дар 5-6 мавзеъи ҳамшафат тақрибан 100 бех шақоқул мерӯяд.

АЗ КИТОБИ СУРХИ ТОҶИКИСТОН 

 ШАҚОҚУЛ

              Kafirnigania hissarica (Korov.) R.Kam. et Kinz.

Оилаи Apiaceae

Мақоми ҳифз

Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷикистони Марказӣ аст.

Паҳншавӣ

Онро фақат аз ҳавзаи дарёи Сардаи миёнаи нишебиҳои ҷануби қаторкӯҳи Ҳисор пайдо кардаанд. Намуди ҳамшабеҳ

Ба намуди Peucedanum L. мавқеи хоса дорад.

Муҳити рушд

Дар нишебиҳои санглохи минтақаи ҷангалзори паҳнбарг (дар баландиҳои 1200-1700 м аз сатҳи баҳр) месабзад.

Шумора

Дар 5-6 мавзеъи ҳамшафат тақрибан 100 бех шақоқул мерӯяд.

Хусусиятҳои биоморфологӣ

Растании бисёрсолаи поликарпӣ, 50-80 см қад мекашад. Решаҳояш тирреша, якчандто пояҳои рост дорад. Хӯшагулаш чатр, аз 20-25 гул иборат аст.

Афзоиш

Аз тухм зиёд мешавад.

Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ

Роҳкушоӣ мавҷудияти шақоқулро, ки худ камшумор аст, дар зери хавф мегузорад.

Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ

Аз тухмаш хуб мерӯяд, вале ба зудӣ нобуд мешавад.

Тадбирҳои ҳифз

Аз ҷиҳати таснифот ҷолиби диққат аст. Аз ҳисоби шахсоре, ки шақоқул мерӯяд, мамнуъгоҳи «Ромит»-ро васеъ бояд кард.

 

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед