ШОНАСАРАК

0
1442
боздид
Шонасарак дар саросари олам чун парандаи афсонавӣ машҳур мебошад.

ШОНАСАРАК – ПАРАНДАИ СОЛИ 2018

     Моҳи декабри соли 2017 бо иқдоми Иттиҳоди ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон дар толори Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ҷаласаи васеи олимону парандаши- носон ва дӯстдорони табиат доир гардид. Дар назди дӯстдорони табиат доктори илмҳои биологӣ, профессор Абдуссатор Саидов суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки ҳар сол дар арафаи соли нави мелодӣ дар асоси озмун «Парандаи сол»-ро интихоб мекунанд.

Сипас, барои муҳокимаи парандашиносон 10 номгӯи парандаи нодири табиати Тоҷикистон пешниҳод гардид. Дар ҷаласа атрофи беҳдошти муҳити зист ва сол то сол кам шудани шумораи парандагони нодир андешаҳои ҷолиб баён гардид. Ба қавли муҳаққиқи соҳа Нуралӣ Раҳимов аз соли 2008 инҷониб чорабинии «Парандаи сол» доир мегардад. Ҳадафи асосии он таблиғи донишҳои экологӣ, билхоса ҳифзи олами бойи парандагон ва нигоҳдории он дар табиат мебошад. Баъди муҳокимаи ҷиддӣ ва баррасии мавзуъ бо пешниҳоди олимону дӯстдорони табиат шонасарак ё ҳудҳуд парандаи соли 2018 интихоб шуд.

Қобили зикр аст, ки шонасарак дар саросари олам чун парандаи афсонавӣ машҳур мебошад. Дар тамоми мамлакатҳои Шарқу Ғарб ва Осиё шонасакро дидан мумкин аст. Соли 2016 дар Федератсияи Русия соли ҳудҳуд эълон гардида буд. Ба ақидаи парандашиносони ҷаҳон шонасарак парандаи ғайриодӣ низ мебошад.  Шонасарак лонаашро ба таври ба худ хос сохта, ба чӯҷаҳояш аз хурдӣ тариқи ёфтани туъмаро меомӯзад. Аз ҷониби дигар, шонасарак санитари табиат низ мебошад. Онҳо кирму дигар ҳашаротҳои зарарнокро нест карда, ба муҳити зист фоида меоранд.Ҳудҳуд ё шонасарак чун парандаи нодиру афсонавӣ дар адабиёту фарҳанги ниёгонамон ҳамчунин бо номи пӯпиш низ ёд мешавад.

Шонасарак дар қатори парандагони зебои диёрамон мисли саҷдаи тибетӣ, доснул, кабутари ёбой, достак, эзорсурхак, хеле машҳур мебошад. Онҳо аслан мурғони дарахти ва буттагӣ шумурда мешаванд ва дар табиат ба таври васеъ паҳн шудаанд. То ҳол зиёда аз 150 намуди ин парадагони нодир маълум гаштааст. Ин гуруҳи парандаҳо танҳо аз руйи лонасозӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Зеро қисми зиёдашон ғаризаи лонасозӣ ва тухмпахшкуниро гум мекунанд.

МАҶИД САЛИМ

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед