АЗ КИТОБИ СУРХИ ТОҶИКИСТОН
ОБСАБЗҲО
Стигеоклониуми дасташакл
Stigeoclonium fasciculare Kütz.
Оилаи Chaetophoraceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ
Намуди нодир, дар рӯи Замин кам дучор меояд. Барои омӯзиши роҳҳои таҳаввулоти обсабзҳо муҳим аст.
Паҳншавӣ
Ареали пароканда: Евросиё- Африқо-Амрико-Австралия. Дар Тоҷикистон дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Искандардарё, Яғноб, Фондарё, Вешист ва Анзобсой қайд гардидааст.
Муҳити рушд
Дар таркиби бентос, соҳили дарё ва кӯлҳои орому ҷории соф, дар рӯи пояи растаниҳои обӣ дучор меояд.
Намуди ҳамшабеҳ
Ба S. glomeratum (Yazen) Collins қаробат дорад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ
Талломи серҳуҷайраю шохарондаи сабзи шабеҳ ба буттача то 5 см қад мекашад. Дарозии ҳуҷайраҳо 10-20, барашон 10-11 мкм; ҳуҷайраҳои нӯги шохаҳои асосӣ дарозрӯяи мӯякмонанд ва нӯгтез мешаванд.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ
Таъсири омилҳои антропогенӣ: тағйир додани маҷрои об, ифлосии муҳити рушд (минтақаи барқарорсозӣ).
Афзоиш ва парвариш дар шарои ти сунъӣ
Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ қайд нагардидааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ
Ғизои хуби моҳист. Биоиндикатор – нишондиҳандаи сифату
покизагии об мебошад. Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Таъсиси обсабзгоҳҳо дар муҳити рушди намуд, таҳқиқи мукаммал, парвариш дар шароити сунъӣ, ҳифзи маҳаллҳои рушд.