Суолу посух дар мавзӯи тағйирёбии глобалии иқлим

0
1840
боздид
Омили асосии таъсири антропогенӣ зиёдшавии газҳои гулхонаӣ мебошад.

      Проблемаи «тағйирёбии глобалии иқлим» (гармшавии глобалӣ) имрӯз яке аз мушкилот ё муаммои экологии башарият маҳсуб меёбад. Биёед ин масъаларо ба тариқи суолу посух дида мебароем.

      Тағйирёбии глобалии иқлим чист ва чаро онро аксар маврид «гармшавии глобалӣ» меҳисобанд?

Аз он ки тағйирёбии иқлим дар Замин мушоҳида карда мешавад ва он ба проблемаи умумибашарӣ табдил меёбад, ҷои шубҳа нест. Далели тағйирёбии глобалии иқлим бо мушоҳидаҳои илмӣ собит шудааст. Ва дар атрофи ин мавзуъ мубоҳисаҳои илмӣ ҳамеша ҷараён доранд. Як гурӯҳи олимон истилоҳи «гармшавии глобалӣ»-ро истифода бурда, пешгӯиҳои апокалиптикӣ мекунанд. Бархеи дигар ба ин назар ҳастанд, ки «давраи нави яхбандӣ» шуруъ мешавад. Сеюмиҳо чунин меҳисобанд, ки тағйирёбии иқлим раванди табиӣ мебошад, аммо ҳамаи олимон оқибатҳои тағйирёбии иқлимро харобиовар медонанд.

Кадом сабаб ва омилҳои рух додани тағйирёбии иқлим вуҷуд доранд?

Ин омилҳо бидуни ягон таҷҳизотҳои ченкунанда маълуманд, аз ҷумла, баландшавии ҳарорати миёнаи сайёра, ивазшавии ҳарорат дар фаслҳо, зимистонҳои нарм, моҳҳои аз меъёри муқаррарӣ гарми тобистон, обшавии пиряхҳо ва баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ ки ҳамагон шоҳид ҳастем. Нерӯи асосии таҳрики иқлим Офтоб маҳсуб меёбад. Масалан, тақсимшавии нобаробари гармӣ дар сатҳи замин яке аз сабабҳои рух додани шамолҳо ва ҷараёнҳои уқёнусӣ гашта, давраҳои баланди фаъолнокии офтоб бо гармшавӣ ва тӯфонҳои магнитӣ роҳнамоӣ карда мешаванд. Ба ҷуз ин, ба иқлим дигаргуншавии меҳвари Замин, майдони магнитии он, андозаи материкҳо ва уқёнусҳо, аз қаъри замин баромадани вулканҳо таъсир мерасонанд. Ҳамаи ин омилҳое, ки номбар кардем, ба омилҳои табиии тағйирёбии иқлим дохил мешаванд.

Миёни истилоҳҳои «иқлим» ва «обуҳаво» чӣ тафовут вуҷуд дорад?

Мафҳумҳои «иқлим» ва «обу ҳаво»- ро бо ҳам омехта кардан лозим нест. Ин равандҳо бо вуҷуди ба ҳам наздик будан аз ҳам тафовут доранд. Иқлим раванди устувори тавсифдиҳандаи минтақаҳои муайян мебошад, обу ҳаво бошад ноустувор ва тағйирёбанда аст. Обу ҳаво ҳар рӯз метавонад тағйир ёбад, иқлим хусусияти устуворӣ дошта, раванди тағйирёбиаш хеле ба оҳистагӣ, дар тӯли садсолаҳо ва ҳазорсолаҳо ҷараён мегирад.

Иваз шудани обу ҳаво ва иқлим ба саломатии инсон чӣ гуна таъсир дошта метавонад?

Инсон ҷузъи ҷудонашавандаи табиат маҳсуб меёбад. Албатта шароити обу ҳаво ба вазъи саломатии одамон метавонад таъсир расонад. Баъзе аз одамон ба минтақаҳои иқлимии гуногун хеле ба зудӣ мутобиқ шуда, худро роҳат эҳсос менамоянд. Қисми дигари одамон, баръакс ба обу ҳавои тағйирёбанда ҳассос буда, бо дигаргун шудани фишори атмосферӣ худро нороҳат ҳис мекунанд. Ин қабил одамон аксаран мубталои бемориҳои системаи хунгузар ва қалб, фишорбаландӣ, атеросклероз, майнаи сар, системаи нафаскашӣ ва беморони мубтало ба заъфи аъсоб ҳастанд.

Агар дар гузашта ҳам иқлим тағйир меёфта бошад, пас чаро имрӯз онро ҳамчун муаммо меҳисобанд?

Мувофиқи маълумотҳои геологӣ ҳарорати миёнаи ҷаҳонӣ дар давраҳои мухталифи геологӣ аз +7 то +27 дараҷа мекалавидааст. Ҳоло ҳарорати миёна дар рӯи Замин тақрибан +14 0С буда, аз нуқтаи максималӣ хеле дур аст.

Тибқи таҳқиқоти гурӯҳи калони олимон сол аз сол таъсири омили антропогенӣ ба иқлим зиёд шуда истодааст. Омили асосии таъсири антропогенӣ зиёдшавии газҳои гулхонаӣ мебошад. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки таъсири гулхонаӣ ба тағйирёбии иқлим таи ду сад соли охир нисбат ба таъсири тағйирёбии фаъолнокии офтобӣ 8 маротиба баландтар шудааст.

Падидаи гулхонаӣ (парникӣ)чи гуна зуҳур мекунад?

Аз мушоҳидаҳои ҳар яки мо маълум аст, ки дар гармхона ё гулхона ҳарорат нисбат ба беруни он баланд аст. Таъсири гулхонаӣ дар миқёси кураи Замин низ ҳамин гуна ба мушоҳида мерасад. Энергияи Офтоб атмосфераи сатҳи Заминро гарм мекунад, аммо энергияи гармие, ки аз Замин бозмегардад, наметавонад дар фазои кайҳон нопадид шавад, зеро фазои Замин мисли маводи полиэтиление, ки гармхонаро мепӯшонад, мавҷҳои нури кӯтоҳро аз Офтоб ба Замин гузаронида, мавҷҳои гарми дароз ё тавре ки мегӯянд – мавҷҳои инфрасурхро дар сатҳи Замин нигоҳ дошта, боиси зуҳури падидаи гулхонаӣ мегардад. Падидаи гулхонаӣ бинобар мавҷуд будани газҳои дорои мавҷҳои дарози қобилияти монеаэҷодкунанда дошта дар атмосфераи Замин ба вуҷуд меояд.

Газҳои гулхонаӣ бо тағйирёбии иқлим чӣ рабт доранд?

Мафҳуми «газҳои гулхонаӣ» аз вожаи англисии «greenhousegas» бармеояд. Чунин газҳо, мисли диоксиди карбон (СО2), метан (CH4), оксиди нитроген (NO) ва фреонҳо хусусияти баланди фурӯбарии гармиро дошта, дар равшанӣ дорои ранги шаффоф ҳастанд, ки миқдори энергияро дар сайёра зиёд ва иқлимро аз будаш гармтар мекунанд. Газҳои гулхонаӣ аз оғози пайдоишашон дар атмосфера ба миқдори хеле ночиз (қариб 0,1%) ҳузур доштаанд. Ин миқдор барои нигоҳ доштани тавозуни гармии Замин дар сатҳи муносиб барои зиндагӣ аз ҳисоби таъсири гулхонаӣ кофӣ буд. Падидаи табиии гулхонаӣ ягон зарра ба сайёра ва башарият хатар надорад, зеро миқдори умумии газҳои гулхонаӣ аз ҳисоби гардиши табиат дар як сатҳ нигоҳ дошта мешаванд. Вале афзоиши консентратсияи газҳои гулхонаӣ дар атмосфера таи дусад соли охир ба баланд шудани таъсири гулхонаӣ ва вайрон шудани тавозуни гармии Замин оварда расонид. Тибқи таҳқиқоти олимон ва коршиносон дар як сол тақрибан 22 миллиард тонна партови газҳои гулхонаӣба атмосфера ихроҷ мешавад.

Эл-Нинйо ба сайёраи Замин чӣ гуна таъсир мерасонад?

Муҳаққиқони оҷонсии НАСА бар ин назаранд, ки аз таъсири Эл-Нинйо, ки айни замон ҳаракати он ба қисмати шарқии экватори уқёнуси Ором мушоҳида мешавад, ягон кишвари дунё набояд худро дар канор гирад. Аз солҳои 1997-98 инҷониб ин зуҳуроти обуҳавоӣ чунин ҳудуди бузургро фаро нагирифта буд. Дар робита ба ин дар оҷонсӣ қарор қабул гардид, ки аз рӯи ин падида мушоҳидаҳои ҷузъии кайҳонӣ гузаронида шавад, то таъсири он ба тақсимшавии боришот, сатҳи тропосферии озон ва афзоиши шумораи сӯхторҳо дар қисматҳои мухталифи сайёра мавриди тадқиқ қарор гирад. Тибқи андешаи олимон, Эл-Нинйо падида ё зуҳуроти табиие мебошад, ки дар якчанд сол давра ба давра такрор мешавад. Ин падида вақте ба амал меояд, ки ҳарорати сатҳи баҳр дар қисмати шарқии экватории уқёнуси Ором гарм шуда, давраи таъсир ба массаҳои ҳаво ва хатсайрҳои ҷойгиршавии он дар сайёра оғоз меёбад. Натиҷаҳои тадқиқоти нави Эл-Нинйо дар ҷаласаи Иттиҳоди геофизикҳои Амрико рӯзи 15 декабри соли 2015, ки дар Сан-Франсиско баргузор гардид, пешниҳоди ҳамагон карда шуд.

АҶАММЕҲР

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед