ШИНОСНОМА
Шарипов Мирзоазиз Латипович 22 – юми августи соли 1977 дарноҳияи Рӯдакӣ чашм ба дунёи ҳастӣ боз кардааст. Баъди хатми бомуваффиқияти гимназияи ноҳия соли 1995 ба ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино супорида, сазовори номи пурифтихори донишҷӯ гардид. Соли 2001 донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси ҷарроҳи кӯдакон хатм кард. Солҳои 2001 — 2002 курси интернатураи клиникиро дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст. Аз соли 2002 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳайси ҷарроҳи кӯдакона фаъолият дорад. Аз духтури қаторӣ то роҳбари соҳа дар ноҳия кор карда омадааст. Соли 2010 сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Рудаки, соли 2011 бошад, сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббии ноҳияи Рудакӣ, сипас, декани факултет дар коллеҷи тиббии ноҳияи Рудакӣ, айни ҳол мудири кафедраи фанҳои клиникии коллеҷи тиббии ноҳияи Рудакӣ мебошад. Оиладор, соҳиби панҷ фарзанди. Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Рӯзатон ба хайр бошад!
- Ташаккур, рӯзи шумо ҳам ба хайр!
Гурӯҳи фейсбукии “Сарсабз” дар якҷоягӣ бо нашрияи “Инсон ва табиат” озмуни ниҳолшинониро эълон карда буданд. Тибқи талаботҳои озмун ғолиб аз рӯи шумораи ниҳолҳои шинонидашуда ва “маъқул” – и хонандагон муайян карда мешаванд. Инак озмун ҳам ҷамъбаст гардид. Дар он 37 нафар аз нуқтаҳои гуногуни кишвар ширкат намуданд ва аз миёни онҳо шумо бо шинонидани 1095 бех ниҳол ва гирифтани 56 маъқул (лайк) – и хонандагон ғолиби озмун эълон шудед. Аҳли эҷоди рӯзномаи “Инсон ва табиат” шуморо бо пирӯзиатон дар ин озмун шодбош мегӯяд. Нашрия тасмим гирифт, ки роҷеъ ба асрори боғпарварӣ бо шумо суҳбате анҷом диҳаду фишурдаи онро пешкаши хонандагон гардонад.
— Ташаккури зиёд! Хело шодам, ки ғолиби озмун гаштам.
Хуб, донистан мехоҳем, ки шумо аз кай боз ба парвариши ниҳол майл доред?
— Бояд бигӯям, ки аз хурдӣ завқ доштаму имконият не, лекин пас аз он ки соли 2010 дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби замин гаштем ва имконият пайдо шуд, ки табъи дили хеш ниҳол интихоб намуда ба парвариши онҳо машғул шавам.
Ниҳолакон барои шумо чӣ арзише доранд ва пайи нигоҳубини онҳо чӣ корҳоеро анҷом медиҳед?
— Ниҳолро бе ягон дудилагӣ метавон фарзанд гуфт, зеро ҳардуро ҳам бо хуни дил парваридан лозим аст. Агар бо онҳо бо меҳр муносибат накунӣ, самар намедиҳанд. Қабл аз ҳама муносибати оқилона бо ниҳол метавонад ӯро боровартар гардонад. Ин яке аз принсипҳои асосии ниҳолшинонӣ аст.

Гуфтед, ки агар ба ниҳол меҳр надиҳӣ, самар намедиҳад. Оё муносибати сард низ метавонад ба инкишофи ниҳол таъсиррасон бошад?
— Ҳатман, муносибати сард намудан ва ҳамчунин рафтори хунукназарона метавонад ба камолоти ниҳол таъсири манфӣ расонад. Гоҳо фикр мекунам, ки ҳар чӣ қадар зиёд дилсӯзона ва меҳрубонона рафтор намоӣ, ҳамон қадар инсон нерӯи мусбат мегирад ва ба ғайр аз ин меваи хубе медиҳад, дар ҳолати баръакс, яъне муносибати сард аз бороварӣ мемонад, таровати худро гум мекунад ва ба ниҳолпарвар на нерӯ медиҳаду на ҳосил.
Барои беҳтар шудани ҳосилдиҳӣ ва хуб нашъунамо ёфтани дарахт кадом қоидаҳоро мебояд риоя кард?
— Дар аввал бояд навъи дарахт ва ҷои шинонидани он муайян карда шавад, баъдан, нозукии ниҳол бояд ҳатман ба инобат гирифта шавад. Масалан, баъзе аз ниҳолҳо офтобдӯстдоранду баъзеи дигарашон намиро дӯст медоранд. Ҳамчунин, дигар хусусиятҳои ҳар як навъи ниҳол бояд дар мадди назар бошад
Ба ғайр аз ин қоидаҳо кадом тадбирҳои иловагӣ заруранд?
— Бояд доруву заҳрхимикатҳо сари вақт ва ба миқдори муайян дода шаванд. Нурию хокистар мувофики тавсияи мутахассисон рехта шавад. Ҳатто, шустани хоки дарахтон ва ба эрозия дучоршавии хок бояд ба инобат гирифта шавад.
Ҳамчун як табиб ва ҳомии сиҳатии мардум иловатан ниҳолшинонӣ ба шумо душворӣ намеорад?
— Асло. Баръакс хеле завқбахш аст.
Барои ниҳолпарварон чӣ маслиҳату тавсияҳо доданӣ ҳастед?
— Барои ниҳолпарвари хуб будан ва аз ниҳол рӯёнидани ҳосили аълосифат ҳама нозукиҳои соҳаро бояд риоя кард. Яке аз принсипҳои асосӣ интихоби дурусти ниҳол ва макону иқлими он мавзеъ аст. Нозукиҳои ниҳол низ масъалаи ҷиддист. Хулоса, барои парвариши ниҳол ба ӯ падару модар будан мебояд.
Ташаккури зиёд барои суҳбати самимӣ!
Суҳбаторо: Мирсаид САТТОРИЁН
“Инсон ва табиат”
(PS: Мусоҳибаи мазкур тавассути шабакаи иҷтимоии “фейсбук” анҷом дода шудааст)