ТАНҲО ДАР ҲАМКОРӢ МЕТАВОНЕМ ЭКОСИСТЕМАҲОИ БАБРИ БАРФИРО ҲИФЗ НАМОЕМ!

0
3624
боздид
ҷаласаи васеи Кумитаи ҳамоҳангсозии лоиҳа БРСММ/ФЭГ “Нигоҳдорӣ ва истифодаи устувори экосистемаҳои Помир-Олой ва Тян-Шон барои ҳифзи бабри барфӣ ва некуаҳволии устувори ҷамоаҳо”

Дар ҷаласаи васеи Кумитаи ҳамоҳангсозии лоиҳа БРСММ/ФЭГ “Нигоҳдорӣ ва истифодаи устувори экосистемаҳои Помир-Олой ва Тян-Шон барои ҳифзи бабри барфӣ ва некуаҳволии устувори ҷамоаҳо”, ки 18-уми декабри соли 2018  баргузор гардид, аъзоёни Кумитаи ҳамоҳангсозӣ (намояндагони 5 шарикони лоиҳа – Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ, Барномаи рушди СММ, Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологӣ, Академияи илмҳои ҶТ ва ташкилоти ҷамъиятии “НООСФЕРА”), манфиатгирандагони лоиҳа, намояндагони ташилотҳои шаҳрвандӣ ва шарикони эҳтимолии лоиҳа иштирок доштанд.

Роҳбари Кумитаи ҳамоҳангсозӣ — муовини директори БРСММ дар Тоҷикистон, хонум Саня Боянич зимни сухни ифтитоҳиаш доир ба аҳамияти ҳамкории БРСММ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пиёда сохтани Стратегияи миллии рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ҳарф зада, аз ҷумла қайд кард, ки дар Стратегияи миллӣ ба ҳалли проблемаҳои экологӣ ва экологӣ-иқтисодӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардидааст.

Мавсуф сипас саҳми лоиҳаро дар сиёсат ва таҷрибаи ҳифзи табиат баҳогузорӣ намуда, ба татбиқкунандагони лоиҳа тавсия дод, ки оид ба ҳифзи бабри барфӣ ва намудҳои ҳайвоноти шикории он корҳои тарғиботиро ҷонноу гардонанд.

Қобили зикр аст, ки татбиқкунандагони лоиҳа натиҷа ва ғояҳои лоиҳаро дар протоколи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчун афзалияти ҳамкории байни давлатҳо ворид намудаанд.

Ҳамоҳангсози лоиҳа Сафаров Н.М. иширокчиёни ҷаласаро бо натиҷаҳои ба дастомада мувофиқи вазифаҳои мақсаднок дар доираи ҳар як ҷузъиёт (компонент), ҳудудҳои амалинамоии лоиҳа, грантгирандагони мушаххас ва хоҷагиҳо шинос намуда, зикр сохт, ки дар доираи лоиҳа 20 вазифаи муҳим иҷро гардид ва доир ба ҳар яке аз онҳо дастовардҳои асосӣ ва ҳамчунин чораҳои  бартараф намудани хатарҳо ва монеаҳо таъкид карда шуд.

 Қобили зикр аст, ки корҳои фаъол доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия дар асоси созишномаҳои байналмилалӣ амалӣ мешаванд. Дар соли 2018 дар протоколи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон як қатор афзалиятҳо доир ба ҳамкории байналмилалӣ дар экосистемаҳои бабри барфӣ, аз ҷумла, ҳамоҳанг сохтан ва бурдани мониторинги муштарак дар экосистемаҳои бабри барфӣ, мубодилаи таҷрибаҳо ва ҳисоботҳои муштарак ба Ҳукумати ҳар ду давлат ворид гардидааст. Маводҳо доир ба мониторинги саҳроӣ  ташкили намоишгоҳ, инчунин маводҳои иттилоотӣ ва тарғиботӣ, сабти видеоӣ ва нусхаи кории филм оид ба бари барфӣ омода гардидааст 

Аъзоёни Кумитаи ҳамоҳангсозӣ ба фаъолияти лоиҳа ва расонидани таъсири мусбии лоиҳа дар ҳамаи сатҳҳо, шуруъ аз хоҷагиҳо, мақомотҳои хоҷагии ҷангал, ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ то Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд доданд.

Дар ҷараёни муҳокимаҳо наворҳои видеоие нишон дода шуданд, ки дар онҳо аз ҷониби фоидагирандагони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, ҷамоати Сарихосор ва баъзе аз дигар ҳудудҳои лоиҳавӣ доир ба иштирок дар лоиҳа ва манфиатҳо ба табиат ва экосистемаҳо, ки дар давоми ин муддати кӯтоҳ дар натиҷаи ҳамкории муштарак ба даст оварда шудаанд, баён гардид.

Дар ҷаласа ҳамчунин оид ба натиҷаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соли 2018 дар самти ҳифзи бабри барфӣ сухан ба амал оварда шуд. Қайд гардид, ки дар соли 2018 Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо Котиботи глобалӣ доир ба бабри барфӣ, бо Ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиии Россия, ки он ҷо низоми мониторинги SMART барои мақомотҳои давлатӣ ва ҷамоаҳо санҷида мешавад, таҳким бахшид; машваратҳо ва табодули таҷриба дар нисбати ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ бо Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон бурда мешаванд. Ҳамчунин барномаҳои ҳамкориҳои амалӣ дар манзараҳои фаромарзии бабри барфӣ бо Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар фарҷом, аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа барои татбиқи босамари лоиҳа дар соли 2019 тавсияҳо ва пешниҳодҳои арзишманд пешниҳод гардид.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед