Тақвияти корҳои ободонӣ

0
679
боздид

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

         Бо мақсади амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, № 968 “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободонию созандагӣ ва сабзу хуррамгардонї дар минтақаҳои ноҳияҳои пойтахт густариш ёфта истодааст.

Ҷиҳати иҷрои фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.01.2020, №07 “Дар бораи гузаронидани аксияи “Тозагии маҳал”  ва бо инобати беҳтар намудани вазъи экологӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур аксияи “Тозагии  маҳал”  роҳандозӣ гардид.

Бояд ќайд намуд, ки сокинони шаҳри Душанбе аз корҳои ободонию созандагӣ, шукуфоӣ ва дигар пешрафтҳое, ки аз ҷониби макомоти шаҳрдорӣ анҷом дода шуда истодааст, руҳу илҳоми тоза гирифта, дар аксия ва ҳашарҳои экологӣ фаъолона ширкат менамоянд.

Як нуктаро зикр менамоем, ки дар ин давра 4 маротиба аксия гузаронида шуда,  309,6 м3 партовҳо ҷамъоварӣ, дар масофаи 182775 метри тўлонӣ ҷуйбору обравҳо тоза, дар масоҳати 1358271 м2 гирду атрофи биноҳо ва роҳравҳо аз партовҳо тоза карда шуд.

Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе бо инобати  беҳбуд бахшидан ба ҳолати экологии шаҳраку маҳаллаҳо, назди корхонаву муассисаҳо ва ташкилоту идораҳо дар доираи таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъмурини ташкилоту идораҳо дастур додааст, ки баҳри тозаву покиза намудани шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаҳо корҳои ободониро таќвият бахшида, баҳри баланд гардидани фарҳанги шаҳрнишинӣ тадбирҳои муассир андешанд.

Бо инобати иҷрои дастуру супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади  тозаю озода намудани муҳити зист, кўчаю хиёбонҳо, роҳҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишин то имрўз 18 маротиба шанбегиҳои умумишаҳрӣ гузаронида шуд. Дар   шанбегиҳо 331087 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон фаъолона иштирок намуда бо ҷалби 910 адад техника ба миқдори 1083,86 тн партовҳо аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ба партовгоҳи шаҳрӣ интиќол дода шуд.

Қобили зикр аст,  ки ба истиқболи таҷлили 30-солагии Истиќлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳо, идораҳо ва дар шаҳраку маҳаллаҳо шаҳрвандон дар доираи тасмимоти хеш даст ба корҳои ободонӣ зада, дар ҳамкории мутақобилан судманди мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе минтақаҳои ҷудогонаи ноҳияҳо сарсабзу шукуфон гашта, дар баробари ин моро лозим меояд, ки нисбат ба меҳнат ва заҳмати онҳое, ки ин манзараҳои дилфиребро офаридаанд, бирасем ва онро ҳифз ва нигоҳдорӣ намоем. Зеро пешрафт ва сарсабзии пойтахти соҳибистиқлоти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе маҳз ба ифтихори таҷлили иди миллӣ 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад.

Бо ифтихормандӣ аз сокини пойтахт будан як нуктаро хотирнишон менамоем, ки воқеан имрўзҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ корҳои ободонию созандагӣ, хуррамгардонӣ идома ёфта, сокинони пойтахт бо ҷонибдорӣ аз сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои якпорчагии Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол, пешрафт ва шукуфоӣ, таъмини покиву озодагии муҳити зист ва баланд гардидани маърифат ва тарбияи экологӣ, риояи Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе ва фарҳанги шаҳрвандӣ  даст ба корҳои ободонию созандагӣ зада истодаанд.

Ҳамчун як узви ҷомеаи шаҳрванди бовар дорем, ки ба истиќболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони Душанбешаҳр бо мақсади шоиста истиқбол гирифтани ин санаи муҳим дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ менамоянд.

          С. АКРАМПУР,  Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед