Дар давоми ду даҳсолаи охир маводҳои полиэтиленӣ ва пластикӣ ҷои шиша, чӯб ва оҳанро танг намуда, истеҳсолоти бемайлони онҳо ба вайрон шудани вазъи экосистема ва муҳити зисти инсон сабабгор гардид. Дар ҳамин ҳол, ширкатҳои трансмиллии тиҷоратӣ, ки дар кишварҳои зиёди ҷаҳон намояндагӣ доранд, саъю талош мекунанд, ки бо ҷонибдорӣ аз иқдомҳои созанда рушди тиҷорати худро дар асоси ғамхорӣ ба муҳити зист ба роҳ монанд.
Моҳи июни соли 2016 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Душанбе аввалин Фурӯшгоҳи бузурги тиҷоратӣ, бо номи “Auchan (Ашан)”, дарҳои худро ба рӯи муштариён боз кард. Қобили зикр аст, ки Фурӯшгоҳи “Auchan” ба Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Шивер Тоҷикистон” тааллуқ дорад.
Соли 2019 роҳбари аввали ҶСП “Шивер Тоҷикистон” иваз шуд. Роҳбарияти нав аз рӯзи ба фаъолият оғоз карданаш як қатор навгониҳоро ҷорӣ намуд. Яке аз иқдомҳо лоиҳаи “Рушди устувор” мебошад, ки моҳи ноябри соли 2019, ки бо мақсади ҷорӣ намудани стандартҳои аврупоӣ ва ғамхорӣ ба муҳити зист роҳандозӣ гардид.

Менеҷери лоиҳаи “Рушди устувор”-и ҶСП “Шивер Тоҷикистон” Сураё Воҳидова дар бораи иқдомҳои анҷомшуда, мушкилоти мавҷуда ва ояндабинӣ дар ин самт андешаҳояшро чунин иброз намуд: — Бо максади татбиқи рушди устувор мо корро аз худамон сар кардем. Масалан, дар нуқтаи қаҳвафурушии фурӯшгоҳи “Ашан” зарфҳои якдафъаинаи пластикиро бо зарфҳои такроран истифодамешуда иваз намудем. Пас аз гузаронидани дарси омӯзишӣ (тренинг) барои кормандонамон байни шуъбаҳои коргоҳ барои сарфаи коғаз мусобиқа ташкил намудем. Кадом шуъбае, ки коғазро зиёд сарфа намояд, бо ин усул дар эмин нигоҳ доштани дарахтон саҳми худро мегузорад.
Бо мақсади ҷамъ овардани батарейкаҳои аз истифодабаромада дар дафтари кориамон қуттии картониро бо навиштаҷоти “Табиатро ҳифз намо!” насб намудем. Айни замон батарейкаҳои аз истифодабаромадаро аз ҳамаи шуъбаҳои фурӯшгоҳ ҷамъоварӣ ва дар қуттии картонӣ ҷойгир намуда истодаем.
Роҳбари аввали ҶСП “Шивер Тоҷикистон” барои татбиқи рушди устувор ҳавасмандӣ зоҳир менамояд. Бо ин мақсад тасмим гирифтем, ки дар утоқҳои корӣ барои обнӯшӣ аз зарфҳои пластикӣ даст кашем. Куллерҳои пластикии обгирро ба полоиш (филтр) иваз намудем. Бо насби асбоби полоиши об кормандони шуъбаҳо барои обнӯшӣ минбаъд аз графинҳои шишагини худ истифода мебаранд. Дар ҳама утоқҳои корӣ навиштаҷоти “Нерӯи барқро сарфа намоем” насб шудааст. Чунин навиштаҷот кормандонро ҳар лаҳза ҳушдор медиҳад, ки ба масрафкории беҳудаи нерӯи барқ (энергия) роҳ надиҳанд.

Дар назди ҳар як хазинаи фурӯшгоҳи “Ашан” пакетҳои пурбардошти бисёркарата ва боргирҳои коғазин барои маҳсулоти қаннодӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Ҳамзамон қуттиҳои картонӣ барои бастабандии маҳсулот ба таври ройгон ба харидорон дода мешавад. Халтаҳои латтагине, ки дар рафҳо аз матои истеҳсоли маҳаллӣ гузошта шудааст, барои меваҷоту сабзавот пешбинӣ шудааст. Дар мавриди истифодаи пакетҳои пластикӣ ва пакетҳои бисёркарата байни мизоҷон дар фурӯшгоҳ пурсиш гузаронидем. Дар натиҷа маълум шуд, ки қисми зиёди харидорон бинобар вазни сабук доштан истифода аз пакетҳои пластикиро афзал медонанд. Вале қисми нисбатан камтари мизоҷон мехоҳанд, ки аз халтаҳо ва пакетҳои бисёркарата истифода намоянд.
Сураё Воҳидова норасоӣ ё мавҷуд набудани корхонаҳои коркарди партов, набудани низом дар мавриди ба навъҳо ҷудо кардани партовро аз мушкилоти рӯз меҳисобад. Ба қавли ӯ дар шароити имрӯза то 40%-и партовҳои маишӣ ба маҳсулоти пластикӣ рост меояд. Қисми зиёди ин партовҳо муддатҳои дурудароз боқӣ монда, таъсири манфии худро ба муҳити зист мерасонанд. Бинобар ин сабаб, коҳиш додани истеъмоли маҳсулоти пластикӣ, истифодаи дубора, коркард, иваз ва дида баромадани партовҳои пластикӣ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти ҶСП “Шивер Тоҷикистон” қарор гирифтааст.
Аз суҳбат бо хонум Воҳидова маълум гашт, ки ҶСП “Шивер Тоҷикистон” қитъаеро бо мақсади сабзгардонӣ дар ҳудуди «Камаз — центр»-и ш. Душанбе ба дӯш гирифта, рӯзи 12 март кормандони ширкат бо мақсади ҷуброни таъсир ба муҳити зист маъракаи ниҳолшинонӣ ташкил намудаанд. Ҳамзамон баргузории чунин маъракаи беҳдошти муҳитзистӣ 25 апрели соли ҷорӣ дар назар аст.
Дар робита ба нақша ва дурнамои фаъолияти ҶСП “Шивер Тоҷикистон” дар ояндаи наздик С. Воҳидова баён дошт, ки онҳо дар самти ташаккул додани фарҳанги экологии мизоҷону кормандон, идома додани кор доир ба пешниҳоди бастабандии пакетҳо барои мизоҷон, мубориза ба муқобили масрафкорӣ дар шуъбаҳо ва фурӯшгоҳҳо, ҷудо кардани коғаз ва пластика дар коргоҳ (офис), ташкили чорабиниҳо оид ба тоза намудани объектҳо бо ёрии худи кормандони ширкат, тақвият додани ҳамкорӣ бо намояндагони ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ, тахфифи нархи маҳсулоти муҳлаташон гузашта фаъолияташонро тақвият медиҳанд.
«Инсон ва табиат»