Тобишҳои маъноии вожаи «Об» дар масири таърих

0
41623
боздид
Об сарчашмаи ҳаёт

Тобишҳои маъноии вожаи «Об» дар масири таърих

Об яке аз 4 унсури муҳими табиат буда, омили ҳастии мавҷудоти зиндаи олам маҳсуб меёбад ва дар ақидаи кулли равияву адёне, ки дар таърих арзи ҳастӣ ва зуҳур намудаанд, аз ҷумла дини мубини ислом ҳамчун сарчашмаи муқаддаси офариниш арзёбӣ мешавад.

Дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (с. 2010) вожаи «Об» чунин шарҳ ёфтааст: «Об моеи шаффофи берангест, ки дар ҳолати софӣ ва беолоишӣ аз омезиши химиявии як унсури оксиген ва ду унсури ҳидроген иборат аст».

Агар барои дарёфти маъноҳои мафҳуми «Об» фарҳангҳои гузаштаро ҷустуҷӯ намоем, маълум мешавад, ки тобишҳои маъноии вожаи мазкур байни умум хеле васеъ мустаъмал гардидааст. Чунончи:

«Об»-оби маъдан обе, ки дар таркиби худ маъдан дорад; оби равон оби ҷорӣ: муқобили оби истода; оби ширин оби софи нӯшокӣ; оби шифо оби шифобахш, оби табобатӣ. «Об»- дарё, рӯд; оби шӯх дарёе, ки бо шӯру ғалаён равон аст. «Об»-сиришк, ашк; оби чашм, оби дида; оби чашм кардан (рехтан) гиристан, ба гиря омадан; об чарх задан (дар чашм) ашк пайдо шудан дар чашм, ҳолати гиря рӯй додан. «Об»- маҷозан, тароват, тозагӣ; равнақ. «Об»- обрӯ, эътибор, ҷоҳу манзалат. «Об»-тоб, тавон. «Об»-шарму ҳаё; оби дарё обе, ки дар дарё ҷорист, обе, ки аз дарё гирифта шудааст; оби зиндагӣ а) мувофиқи ривоёт чашмае, ки аз нӯшандаи оби он гӯё зиндагии абадӣ меёфтааст; б) оби дарёе, ки ба заминҳо таровату ободӣ мебахшад; оби Хизр бо маънои китобӣ–оби зиндагӣ; оби ҳаёт; обу оташ ду чизи сахт ба ҳамдигар зид, ду чизи оштинопазир; обу ранг –зебоӣ, ҳусн, латофат; обу ранги сухан –бадеият дар сухан, ҷозиба ва асари сухан; обу тоб –ҷило, сафо, дурахшонӣ, тароват; обу тоб ёфтан –нашъу намо кардан, пухта шудан, обдида шудан (мас., пӯлод); обу ҳаво –маҷмӯи ҳодисаҳои атмосферӣ (хунукӣ, гармӣ, фишори ҳаво ва ғ.); шароити иқлими ҷое; об аз сар лой будан а) гилолуд ва тира будани об аз саргаҳи он; б) киноя аз ноқису нодуруст будани коре аз ибтидо ва оғози он; об баровардан (ба ҷое) ҷорӣ сохтани об ба ҷои собиқан беоб; оби чизе гурехтан (аз чизе, мевае ё гуле) таровати худро гум кардан, тару тозагии худро аз даст додан, хушк ва фарсуда шудан; об давидан ба устухони касе –нашуънамо ёфтан, калонҷуссаву тануманд шудан; об шудан а) ба об мубаддал шудани ягон ҷисми сахт (ях, филиз); б) лоғар ва хароб шудан, аз гӯшт фуромадан; в) мафтун, мутаҳаййир шудан дар асари чизе; обро лой кардан а) оби зулолу софро тира сохтан; б) миёни мардум шӯру фитна ангехтан; в) кореро қасдан чигилу сарбаста кардан (барои пинҳон доштани сирри худ).

Мурод аз ин навиштаҳо арҷгузорӣ ва пайравӣ кардан ба фазлу бузургии гузаштагон буда ва моро лозим аст, ки нисбат ба ҳифзу тоза нигоҳ доштани яке аз унсурҳои муҳими ҳаёт — об масъулияти бештар ҳис кунем.

Ибодуллоҳ Сангов

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед