Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии нобаробарии иқлим дар ҷои ҳафтум қарор гирифт

0
1456
боздид

Бино ба навиштаи маҷаллаи «Science Advances», аз рӯи як тадқиқоти гузаронидаи олимони амрикоӣ аз рӯи ҳисоби шохиси ҷаҳонии нобаробарии иқлим, Тоҷикистон дар миёни 192 давлати СММ  дар ҷои 7-ум қарор гирифт. Шохис таносуби партовҳои газҳои гулхонаӣ аз ҷониби иқтисоди миллӣ бо гармшавии иқлимро, ки дар асри 21 кишварро интизор аст, инъикос мекунад.

Бино ба навиштаи ин нашрия хисорот ба табиати Тоҷикистон аз гармшавии глобалӣ нисбат ба миқдори газҳои гулхонаии дар мамлакат партовшаванда ба таври номутаносиб зиёд хоҳад шуд.

Ба даҳгонаи шохис Русия, Муғулистон, Афғонистон, Қазоқистон, Канада, Финландия, Малӣ, Боливия ва Нигерия низ шомил шудаанд.

Дар охири шохис асосан давлатҳое ҳастанд, ки бештари партовҳоро истеҳсол мекунанд, аммо дар қаламрави онҳо гармшавӣ ночиз хоҳад буд. Ба ин гуруҳ мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикардаи Аврупо, монанди Белгия, Олмон, Нидерланд, инчунин Кувайт ва Баҳрайни нафтистихроҷкунанда мансуб ҳастанд. Ба онхо иқтисодиёти тараққиёбандаи Осиё — Тайван, Бангладеш ва Чин ҳамроҳ шуданд.

Тибқи ҳисобҳои олимон, бештари манобеи газҳои гулхонаӣ, ки одамон онро хориҷ мекунанд, дар байни 30 то 55 дараҷаи арзи шимолӣ мутамарказ шудаанд. Гузашта аз ин, таъсири бештари гармшавии партовҳо дар шимоли 60 дараҷаи арзи шимолӣ дар минтақаи Арктика эҳсос мешавад. Ин номутаносибии партовҳо дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳангоми муқоисаи минтақаҳои сераҳолии Аврупои Ғарбӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Амрикои Шимолӣ бо чунин кишварҳои камаҳолии шимолӣ, ба монанди Русия, Канада ва Финландия, ки газҳои гармхонаӣ нисбатан кам истеҳсол мекунанд, бештар ба назар мерасад.

 

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед