ВАЗЪИ ЭКОЛОГӢ ДАР НОҲИЯИ ВАНҶ

0
45981
боздид
Сардори бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ванҷ Тоҳир Орипов

ВАЗЪИ ЭКОЛОГӢ ДАР НОҲИЯИ ВАНҶ

Мусоҳиба бо мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ванҷ ТОҲИР ОРИПОВ

Сардори бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ванҷ Тоҳир Орипов яке аз собиқадорони соҳа мебошад. Мавсуф фаъолияти кории худро соли 1990 баъди хатми Донишгоҳи Русия бо ихтисоси биолог-шикоршинос дар Вазорати ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда, муддати панҷ сол  ба ҳайси мутахассис фаъолият намудааст. Роҳбарияти Вазорат бо назардошти малакаи хуби кориаш соли 1995 Тоҳирро дар ноҳияи Ванҷ сардори Кумитаи ҳифзи табиат таъин намуданд ва ӯ дар ин мансаб то соли 2005 ифои вазифа намуд.

    Дар давоми ду соли минбаъда (2005 то охири 2006) дар шуъбаи ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшавандаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт. Пас аз ҳамроҳ шудани Кумита ба Вазорати кишоварзӣ Тоҳир Орипов ба ноҳияи Ванҷ баргашта, то соли 2010 дар идораи хоҷагии коммуналии ноҳия ба ҳайси сардор фаъолият намудааст. Аз соли 2010 то инҷониб дар бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ванҷ фаъолият дорад.

   Зимни мусоҳиба Тоҳир Орипов иброз дошт, ки дар ноҳияи Ванҷ 7 ҷамоат мавҷуд аст. Айни замон дар бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия се нафар фаъолият доранд, ҳамчунин аз ҳар як ҷамоат як нафарӣ нозирони ҷамъиятӣ кумак мерасонанд. Дар як ҳафта як маротиба бо ҳам ҷамъ омада, масъалаҳои баҳснокро баррасӣ менамоем. Дар ҳудуди ноҳия қариб 750 адад нақлиёт мавҷуд аст.

Дар робита ба чӣ гуна проблемаҳои экологии ноҳия ҷой доштан, мусоҳиби мо чунин ибрози назар намуд: “Дар гузашта яке аз проблемаҳо буриши дарахтон дар оғози фасли сармо буд, Азбаски проблемаи бо ангишт таъмин намудани аҳолӣ дар фасли замистон ҳал шуд, ин проблема аз байн рафт. Он ҷангалҳое, ки як замон буриши дарахтон маъмул буд, имрӯз ҳамагӣ қариб 100% барқарор гардидаанд. Шикори ғайриқонунӣ дар мо умуман вуҷуд надорад. Зеро бо кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ дар ин самт якҷоя фаъолият мебарем”.

Таъсири пиряхҳои ҳудуди ноҳияро ба хоҷагии халқ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ пиряхҳои бузург мавҷуданд, ки яке аз онҳо Хирсон мебошад. Пиряхи Хирсон ба гуруҳи пиряхҳои ҳаракаткунанда дохил мешавад. Соли 1983 дар натиҷаи каме лағжидани ин пирях масоҳати калони ҷангалзор хароб гардида буд, пеши роҳи Ванҷобро гирифта буд. Аз ҳамон сол  инҷониб ҳодисаи харобкории пиряхи Хирсон ба мушоҳида нарасидааст. Аммо соли гузашта дар натиҷаи баланд шудани сатҳи об 12 гектар заминҳои кишоварзӣ хароб гардида буд.

Дар ҳудуди ноҳия оё корхонаҳои калон мавҷуд ҳастанд?

Албатта корхонаҳои калони саноатӣ, ки шумораи зиёди коргарон фаъолият намоянд, дар худуди Ванҷ нест. Вале якчанд корхонаҳо, аз қабили корхонаи хиштбарорӣ дар ҳудуди деҳаи Лугарди ҷамоати деҳоти Водхуд, ҳамчунин корхонаи коркарди санги мармар, ҳамчунин дар деҳаи Ровад корхонаи коркарди санги мармари сиёҳ фаъолият оғоз менамояд. Ҳамчунин дар деҳаи Ваҳдат низ чунин корхона ба наздикӣ ба фаъолият оғоз хоҳад кард.

Дар бораи вазъи маърифати экологӣ ва дигар мушкилоти экологӣ чӣ андеша доред?

-Дар масъалаи маърифати экологӣ мо бо мактаббачаҳо, аҳолии деҳот корҳои фаҳмондадиҳиву огоҳониро хуб ба роҳ мондаем. Дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум аҳолӣ хуб медонад, ки кадом корро кардан мумкину кадомашро мумкин нест. Масалан, дар дарёҳои ҳудуди ноҳияи Ванҷ фақат як намуди моҳӣ – ширмоҳӣ мавҷуд аст. Албатта баъзе нафарон бо шаст ба моҳидорӣ машғул ҳастанд, вале бо шасти барқӣ моҳидорӣ  дар мо хушбахтона маъмул нест.

Яке аз мушкилиҳои мо аз сабаби калон будани ҳудуди ноҳия нарасидани нақлиёт аст. Боварӣ дорем, ки ин масъала бо тақозои вақт ҳалли худро меёбад. Як мушкили дигар дар ноҳия набудани қарори Раиси ноҳия дар мавриди ҷудо кардани ҷои партовҷой буд, ки хушбахтона он ҳам ҳалли худро ёфт. Ду сол пеш 2 га заминро барои партовгоҳи умумии ноҳия ҷудо кардем, ки аз тарафи идораҳои давлатӣ ва аҳолӣ партовҳояшонро оварда ҷой медиҳанд.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед