ВАЗЪИ ЭКОЛОГӢ ДУРНАМОИ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

0
171
боздид
Инсон ва табиат

Бо мақсади ошноии бештар бо рафти баргузории чорабиниҳои муҳитзистӣ ва вазъи экологии як қатор ноҳияҳои минтақаи Бохтар дар якчанд ноҳияҳои вилояти Хатлон қарор доштем ва бо сардорони шӯъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳо ҳамсӯҳбат шудем. Роҳбарону мутахассисони шӯъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои Кӯшониён, Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Дӯстӣ, Шаҳритус, Носири Хусрав ва Қубодиён фикру андешаҳояшонро доир ба дастовардҳои 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, вазъи экологӣ ва дурнамои рушди ноҳияҳояшон баён доштанд, ки мушаххасан манзури хонандагони азиз карда мешавад.  

Ноҳияи Кушониён

ЭРГАШЕВ Нарзулло, сардори шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Кушониён

Кӯшониён яке аз ноҳияҳои сераҳолитарин дар минтақаи Бохтар маҳсуб ёфта, дар гузашта бо номҳои Коммунистӣ ва Бохтар маъмул буд. Шумораи умумии аҳолии н. Кӯшониён 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди ноҳия аз ду тараф бо куҳҳо иҳота шуда, дарёи Вахш ноҳияи Хуросонро аз Кӯшониён ҷудо мекунад.

Ҳудуди маъмурии ноҳия ба 3 ҷамоати шаҳрак -шаҳраки И.Сомонӣ, шаҳраки Бохтариён, шаҳраки Бӯстонқалъа ва 5 ҷамоати деҳот – Ориён, Истиқлол, Заргар, Меҳнатобод ва Навбаҳор тақсим мешавад.

Сохти релефи заминҳои ҳудуди ноҳия якранг нест. Дар ин ҷо ҳам заминҳои наздикуҳии дорои адирҳо, ҳам нишебиҳо ва ҳам ҳамвориҳоро дучор омадан мумкин аст.

Дар доираи омодагӣ барои сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ дар маркази ноҳия 30 адад иншоотҳои ҷашнӣ мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. Вазифаи асосие, ки дар назди кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист қарор дошт- ин назорат аз болои кабудизоркунии атрофи иншоотҳо буд.

Инсон ва табиат

Яке аз масъалаҳои асосӣ масъалаи ҷамъшавии партовҳо ва безараргардонии онҳо мебошад. Дар ҳудуди ноҳия 45 нуқтаи партовҷамъкунӣ ва як иншооти обпартовтозакунӣ мавҷуд аст. Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ яке аз иқдомҳое, ки дар соли 2021 гирифта шуд, насб кардани 40 адад қуттиҳои оҳанини партовгирӣ дар маркази ноҳия мебошад.

Ба хотири тезтар фаҳмидани мардум дар танаи як қисми қуттиҳо  навиштаҷоти “қуттиҳо барои партов”-ро ишора намудем. Ин иқдом барои нисбатан тоза гаштани кӯчаҳое, ки қуттиҳо гузошта шуда буданд, мусоидат намуд.

Мо саъю талош мекунем, ки фаъолиятамонро баҳри таъмини амнияти экологии аҳолӣ ва беҳдошти муҳити зист равона намоем.

Инсон ва табиат

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед