Тайи солҳои охир бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба хотири баланд бардоштани сатҳи огоҳонӣ аз муаммоҳои мавҷудаи экологӣ чорабиниҳои гуногуни таблиғотӣ, аз қабили ташкил кардани мизҳои гирд бо донишҷӯёну мактаббачагон ва дигар қишрҳои аҳолӣ гузаронида мешавад.
Чунин як вохӯрии судманд 4 июни соли ҷорӣ бо иштироки як гуруҳ кормандони Кумита бо устоудону донишҷӯёни факултети биологияи ДМТ баргузор гардид. Вохӯриро бо сухани муқаддимавӣ декани факултет Акобир Каримов ифтитоҳ намуда, доир ба густариши ҳамкориҳои факултет бо муассисаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла Кумита ёдовар шуд.
Сипас сардори Маркази стандартикунонӣ ва меъёрҳои экологии Кумита Бозор Абдураҳимов дар бораи нақши мақомоти ҳифзи муҳити зист ва экологҳо дар танзими муносибати ҷамъияту табиат ибрози андеша намуд.

Дар маърӯзаи сардабири нашрияи “Инсон ва табиат” Ҷамолиддин Ёқубов дар бораи таърихи таъсисёбии ҷашни экологҳо, муҳимиятии таҷлили намудани Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист нуктаҳо таъкид гардид.
Пас аз шунидани маърӯзаҳо саволу ҷавоб ва муҳокимаҳо сурат гирифт. Декани факултет А. Каримов пас аз баёни миннатдорӣ таъкид дошт, ки минбаъд чунин вохӯриҳои судманд ва дарсҳои кушод бо иштироки мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли хониши нав бештар гузаронида хоҳад шуд.
Таъкид ба амал оварда шуд, ки дар намоишгоҳе, ки бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, ки санаи 6 июн дар боғи назди шаршараи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт баргузор мегардад, устодону донишҷӯёни факултети биология бо дастовардҳои илмиашон иштирок хоҳанд кард.
«Инсон ва табиат»