ЗАРГУЛДОР ВА САГИ ШИКОРӢ (Қиссамасал)

0
172
боздид
Инсон а табиат

Шикорчие дар доманаи кӯҳе умр ба сар мебурд. Ӯ як саги ҳисси шомааш баланд ва як заргулдори таронасарое дошт. Ҳар рӯз субҳи барвақт заргулдор ба шохаи дарахт баромада, таронасароӣ мекард ва маҳораташро ба шикорчӣ нишон медод.

Шикорчӣ бо табъи болида ҳамроҳи сагаш ба шикор мерафт ва бегоҳ бо дасти пур бармегашт. Рӯзе заргулдор ба саги шикорӣ гуфт: “Ман ҳар рӯз барвақт хеста тарона месароям, табъи хоҷаамро барои ба шикор рафтан болида мегардонам, аммо чаро ҳамеша ба ман аз ту дида ғизои камтар насиб мегардад”?

Саг хандида гуфт: “Шикор кори хатарнок аст, масофаи дуру дарозеро мебояд тай кард, ки ниҳоят хастакунанда аст. Хоҷаамон барои он ба ман хӯроки бештар медиҳад, ки қувват гирифта, ҳамроҳи ӯ аз пушти сайд бидавам”. Заргулдор бо табъи хира аз дил гузаронд, ки ман низ метавонам ҳамроҳи хоҷаам ба шикор равам, бовар накунӣ, исбот менамоям. Бегоҳӣ заргулдор нақшае кашиду пинҳонӣ ба хӯроки саг маҳлуле илова намуд, ки бояд шикамдард мешуд.

Рӯзи дигар саги шикорӣ пас аз истеъмоли ғизо барои рафтан ба шикор омодагӣ гирифт. Чанд қадаме гузошта буд, ки дарди шикамро эҳсос намуд. Ин замон заргулдор аз фурсат истифода бурда, ба шикорчӣ чунин пешниҳод кард: “Имрӯз саг худро нороҳат ҳис мекунад, маро бо худ ба шикор бубаред”. Шикорчӣ сарашро ҷунбонда гуфт: — Ту таронасароӣ намову манзараҳоро тамошо кун, кифоя аст.

Заргулдор инро шунида ба зорӣ даромад: “Хоҷаам, маро бовар кунед, ман ҳатман дар шикор ба шумо кумак мерасонам”. Шикорчӣ суханони ширини заргулдорро рад карда натавонист.

Баробари баромадан ба кӯҳ заргулдор оҳуи даштиеро дар ҷустуҷӯи хӯрок дид ва ба мисли ҳамешагӣ ба сурудан даромад. Оҳу дар ҷое қарор гирифта, аз шунидани садои заргулдор завқ мебурд.

Заргулдор бо шавқ месуруд ва дар ғафлат монда буд, уқобе аз баландиҳо пойин шуда ӯро, ки ҳатто фурсати вокуниш нишон додан ҳам наёфт, дар даҳон гирифту рафт. Шикорчии маҳзунгашта ба хона баргашт ва тамоми ҳодисаро ба саг нақл кард.

Бо шунидани моҷаро саг оҳе кашиду гуфт: “Воқеан, агар аз сари шуҳратпарастӣ ва худхоҳӣ ба коре иқдом намоӣ, ки аз доираи тавонат берун аст, ҳам ба худ ва ҳам ба атрофиён зиён меорӣ”.

“Инсон ва табиат”

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед