Жерехи тос

0
806
боздид
Захираи жерехи тос хеле кам аст.

АЗ КИТОБИ СУРХИ ТОҶИКИСТОН 

 Жерехи тос   (Aspiolucius esociformes)

Қатори Капуршаклҳо.  Cypriniformes

Оилаи Капуриҳо. Cyprinidae

Мақоми ҳифз

Намуде, ки дар ҳолати  хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.

Паҳншавӣ

Дар дарёҳои Сир, Аму, поёноби дарёи Вахш ва обанбори Қайроққум вомехӯрад.

Муҳити сукунат

Дар маҷрои тезҷараёни дарёҳо дар чуқуриҳои 2 — 3 м. сукунат мекунад.

Саршумор

Аҳён — аҳён дар болооби дарёи Аму вомехӯрад. Захирааш хеле кам аст. То солҳои 60 -уми асри гузашта дар дарёи Сир ва обанбори Қайроққум вомехӯрд.

Хусусиятҳои биологӣ

Дар 6 — 7 солагӣ, ҳангоми дарозии баданаш ба 45 — 50 см. расидан, ба балоғати ҷинсӣ мерасад. Моҳҳои фувралу март ҳангоми  3 — 9 0С будани ҳарорати об жерехи тос дар ҷойҳои тезҷараёни об то 150 ҳазор тухм мегузорад. Дарозии баданаш то 72 см ва вазнаш то 5 кг мерасад. Моҳии даррранда буда, моҳиёни камарзиш ва ҳайвоноти бесутунмуҳраи қаъри обиро ғизо мегирад.

Тадбирҳои ҳифз

Барои барқарор гардидани саршумор сайди ғайриқонунии жерехи тосро пешгирӣ намудан зарур аст. Ба роҳ мондани парвариши сунъии жерехи тос бо мақсади барқарор намудани шумораи он дар муҳити табиии сукунат мувоиқи мақсад аст.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед